Январ 10, 2022 13:16 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Вена имрӯз душанбе бо ҳузури тамоми ҳайатҳои аслии узви БарҶом баргузор  мешавад
    Музокироти Вена имрӯз душанбе бо ҳузури тамоми ҳайатҳои аслии узви БарҶом баргузор мешавад

Ройзаниҳо дар чорчӯби даври ҳаштуми музокирот ба манзури рафъи таҳримҳои Эрон, рӯзи якшанбе дар Вена идома ёфт

"Алии  Боқирӣ" музокиракунандаи аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон асри якшанбе бо Энрике Мора муовини масъули сиёсати хориҷии иттиҳодияи Аврупо ва ҳамоҳангкунандаи комисиюни муштараки БарҶом гуфтугӯ кард.

Музокиракунандагони аршади се кишвари аврупоии узви БарҶом (Олмон, Англис ва Фаронса) низ дар  нишасте бо ҳузури "Эрнике Мора" ва " Алии Боқирӣ" ширкат карданд.

Музокироти имрӯз душанбе бо ҳузури тамоми ҳайатҳои  аслии узви БарҶом баргузор мешавад ва коршиносони Эрон дар ҳавзаҳои мухталифи ҳуқуқӣ, бонкӣ ва энержӣ дар ин музокирот ширкат мекунанд.

Дар давраи ҳаштуми музокирот барои нахустин бор ҷаласаи коргурӯҳи коршиносии рафъи таҳримҳо низ бо ҳузури коршиносони Эрон ва 4 илова бар 1  (Русия, Чин, Британия ва Олмон  )  баргузор шуд.

Ба гуфтаи мақомоти кишварҳои музокиракунанда дар Вена, музокирот дар ҳоли пешрафт аст ва аз мизони ихтилофот ба нисбати як моҳи гузашта коста шудааст.

Музокиракунандаи аршади Эрон дар тозатарин арзёбии худ аз раванди гуфтугӯҳое ,ки бо меҳварияти рафъи таҳримҳо ҷараён дорад гуфт: Мавориди ихтилоф мавсум ба паронтезҳои боз ,рӯ ба коҳиш аст.

 "Михаил Улянов" намояндаи Русия дар музокироти Вена низ гуфтааст: Фазои гуфтугӯҳои Вена мусбат ва муассир аст, аммо ба суръати тадриҷӣ рӯ ба ҷулу ҳарак мекунад.

"Ҷон Ив  Лудериён" вазири  умури хориҷаи фаронса низ мегуяд: "Дар чанд рӯзи ахир пешрафтҳое ҳосил шудааст ва агарчи замон дар ҳзоли итмом аст, мо мутақоъид ҳастем,ки метавонем ба тавофуқ бирасем."

Бадеҳи аст,ки бо вуҷуди бархе пешрафтҳо дар раванди музокирот Вена, ҳануз дастёбӣ ба тавофуқ амри қатъи нест ва ба ҷидият ва инъитофпазирии воқуъии тарафҳои муқобил ба вижа Амрико бастаги дорад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар музокироти Вена хостори замонатҳое аст,ки монеъи аъмоли таҳримҳои ҷадид ва бозгаши таҳримҳои баъд аз бардошта шудани он шавад, чаро ки Амрико дар давраи раёсат ҷумҳурии "Долан Тромп" нишон дод нисбат ба тааҳудоти байналмиллалии, дуҷониба ва чанд ҷониба ҳеҷ таъаҳуде надорад ва дар ҳоли ҳозир низ теъдоде аз намояндагони конгираи Амрико таҳдид ба хуруҷ аз тавофуқи эҳтимоли дар Вена дар давлати баъди Амрико кардаанд.

"Тед Круз "намояндаи Ҷумҳурихоҳи иёлоти Тегзос  мудаъи шудааст: " Ҷу Бойден" аз ҳеҷ ихтиёри қонунӣ барои додани чунин таъаҳуде бархурдор нест, ҳар тавофуқе бо Эрон чунончи ба таъиди  Сено нарасад ва ба муъоҳада табдил нашавад, ҳар раис ҷумҳури ҷумҳурихоҳи дигар дар оянда бори дигар онро пора хоҳад кард."

Бинобар ин ба таҷрубаи хуруҷи Амрико аз БарҶом ,Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳони дарёфти тазминҳои лозим ва низ рости озмоӣ аз лағви амалии таҳримҳо аст,ки дастёбӣ ба созу  корҳои дар инбора аз мавзуъоти муҳим ва сасоси дар музокироти Вена маҳсуб мешавад.

Бар ҳамин асос ҳайати музокира кунандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҷиддият ва ироаи пешниҳодот ба дунболи идомаи музокирот ва дастёбӣ ба натиҷа дар арсаи вақт аст,аммо ҳамонгуна,ки пештар низ таъкид шудааст, Эрон хутути қирмизи худро фадои замон хоҳад кард ва расидан ба тавофуқи пойдор ,муассир ва амалиёти,бар мавзӯъи замонӣ расидан ба тавофуқ бартари дорад.

"Ҳусайнӣ Амирабдуллоҳиён "вазири умури хориҷаи Эрон дар ин робита таъкид кардааст: Эрон бо мантиқи матин ва қаввӣ музокиротро идома медиҳад,пешниҳодоти Эрон шаффоф ва возеъ рӯйи мизи музокира аст ва тарафҳои муқобили мо ба вижа ғарбиҳо бояд ҳусни ният нишон диҳад.

Бештар бихонед: 

 

  

Барчасп