Январ 16, 2022 13:49 Asia/Dushanbe
  • Моҷарои садои даҳшатноки дишаб дар ғарби Эрон

Моҷарои садои даҳшатноки дишаб дар ғарби Эрон чӣ буд ?

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Тиҷорат ниюс, ҳарчанд ҳануз ҳеҷ мақоми расмӣ дар бораи иллати аслии садои даҳшатноки шаби гузашта дар бархе аз устонҳои ғарбии Эрон тавзеҳе надода, аммо як сайти хабарӣ дар ин маврид иддаоеро матраҳ кардааст.
Шаби гузашта бархе аз мардуми устонҳои ғарбии Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шунида шудани садои инфиҷорӣ хабар дода буданд . Моҷаро чӣ будааст?
Ҳарчанд ҳануз ҳеҷ мақоми расмӣ дар бораи иллати аслии садои маҳиб(даҳшатнок)и шаби гузашта дар бархе аз устонҳои ғарбии Эрон тавзеҳе надода, аммо як сайти хабарӣ дар ин маврид иддаоеро матраҳ кардааст .
Хеле аз каналҳои телеграмӣ субҳи имрӯз ба нақл аз пойгоҳи хабарии Собирин ниюс навиштаанд : « Садои инфиҷор(таркиш) дар Кирмоншоҳанандаҷ ва Ҳамадон дар натиҷаи размоиши падофанди ҳавоии Эрон барои озмоиши сомонаҳои падофанди ҳавоии ҷадид аст, ки ба тозагӣ ба зарродхонаи неруҳои мусаллаҳи Эрон пайвастаанд. »
Бо ин ҳол ҳануз ҳеҷ мақоми расмӣ ин иддаоро таъйид ё рад накардааст.
Хабаргузориҳои расмии кишвар низ феълан, то ин лаҳза дар ин маврид иллати аслиро нагуфтаанд, аммо фармондори шаҳристони Асадобод шунида шудани ин садоро такзиб накардааст .

Фармондори шаҳристони Асадобод дар бораи шунида шудани садои маҳиб дар ин шаҳристон гуфтааст : Зилзиланигорӣ ҳам баррасӣ шуд, ситоди буҳрон дар ҳоли пайгирӣ аст, аммо то кунун ҳеҷ гузорише далолаткунада бар воқеъяти ин ҳодиса мунташир нашудааст.
Фармондори шаҳристони Асадобод гуфт : Мо дар ҳоли баррасии мавзӯъ ҳастем, аммо то кунун гузориши хосе ба дасти мо нарасидааст .
Саиди Китобӣ бо баёни инки садои маҳибе наздики соъати 24 бомдоди шанбе шунида шуд, изҳор кард : Ибтидо гумон рафт, ки садои раъду барқ бо тавваҷуҳ ба шароити обу ҳавоӣ аст, аммо ин имкон рад шуд .
Вай афзуд : Ҳеҷ гуна инфиҷоре дар сатҳи шаҳристон надоштемо дастгоҳҳои хадамотрасон дар тамос ҳастему иттифоқе дар ҳавзаи газ, ӯржонс, оташнишонӣ набуда ва дар шаҳристон гузорише надоштем .
Фармондори Асадобод тасреҳ кард : Дар ҳоли ҳозир низ дастгоҳҳои хадамотрасони дар ҳол баррасӣ ҳастанд ва бо тамоми раисони идорот дар тамоси мустақим ҳастам ва ин баҳс дар ҷойгоҳҳои сухт низ рух надодааст .
Вай бо таъкид бар инки имкони инки садо аз шаҳри дигар расида бошад ва ё зилзила бошад ҳам вуҷуд дорад, ки дар ҳоли пайгирӣ ҳастем хотирнишон кард : Зилзиланигорӣ ҳам баррасӣ шуд, ситоди буҳрон дар ҳоли пайгирӣ аст, аммо то кунун ҳеҷ гузорише дол бар инки иттифоқи хосе дар шаҳристон рух дода бошад, нарасидааст.

 

Барчасп