Январ 17, 2022 10:21 Asia/Dushanbe
  • Русия зарфиятҳои бисёре барои ҳамкории иқтисодиву тиҷорӣ бо Эрон дорад

Сафири пешини Эрон дар Русия гуфт, Русия зарфиятҳои бисёре барои густариши ҳамкории иқтисодиву тиҷорӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон дорад.

Сайид Маҳмудризо Саҷҷодӣ бо ишора ба сафари ояндаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Русия ва таъкид бар ин ки вуруд ба иттиҳодияҳо ва ёргирӣ дар саҳнаи байналмилалӣ як асли иқтисодӣ аст, афзуд: Доштани шарикҳои тиҷорӣ барои тавсеаи иқтисодии ҳар кишваре муҳим, зарурӣ ва ҳаётӣ аст.

Саҷҷодӣ бо ишора ба тавофуқи 20 соли Эрон бо Русия гуфт, ин тавофуқ бисёр ҳушмандона аст ва абъоди сиёсиву амниятиро низ дар бар мегирад ва ду тараф барои бастани қарордоди баландмуддати ҳамкориҳои муштараку ҳамаҷониба азми ҷиддӣ доранд.

Ин дипломати пешини Эрон ҳамчунин гуфт, Эрон дар муқобила бо терроризм ва ДИИШ парвандаи бисёр муваффақе бо русҳо дорад ва агар ҳамкории байни Эрон ва Русия дар Сурия шакл намегирифт, имрӯз ДИИШ дар кишварҳои минтақа ҳузур дошт.

Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия моҳи гузашта аз сафари Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Маскав хабар дод ва гуфт, ки даъвати расмии ӯ аз раиси Ҷумҳурии Эрон барои сафар ба Русия пазируфта шудааст ва дар ибтидои соли 2022 ин сафар анҷом хоҳад шуд.

 

Барчасп