Январ 17, 2022 15:50 Asia/Dushanbe
  • Баъд аз 6 сол: се дипломати эронӣ дар Ҷадда мустақар шуданд

Бо эъзоми се дипломати эронӣ, намояндагии Эрон назди Созмони Ҳамкории Исломӣ фаъолияти муҷаддади худ дар Ҷаддаро аз пас аз 6 сол вақфа аз сар мегирад.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон 23 декабри 2021 дар нишасти хабарии муштарак бо Фуод Ҳусайн, вазири умури хориҷаи Ироқ дар Теҳрон бо ишора ба нақши Бағдод дар баргузории чаҳор даври музокира байни Эрон ва Арабистон эълом кард: Арабистони Саудӣ бо судури виза барои се нафар аз дипломатҳои Эрон ба унвони дипломатҳои мустақар дар Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Ҷадда мувофиқат кардаву визаи ин дипломатҳо дарёфт шудааст.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин ба тозагӣ дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Алҷазира, судури раводид барои дипломатҳои эронӣ барои ҳузур дар Ҷаддаро нишонае мусбату хуб унвон кард.

Фаъолияти дафтари намояндагии Эрон дар шаҳри Ҷадда дар соли 2015 ва дар пайи қатъи равобити Эрон ва Арабистон таътил шуд.

Созмони Ҳамкории Исломӣ, дуюмин созмони байналмилалии давлатӣ пас аз Созмони Милали Муттаҳид аст, ки 57 кишвар аз қораҳои мухталиф дар он узвият доранд. Ин созмон ба унвони садои ҷамъии ҷаҳони Ислом ва тазмин барои ҳифозату ҳимоят аз манофеи ҷаҳони Ислом дар рӯҳи тарвиҷи сулҳи байналмилалӣ ва ҳамоҳангӣ миёни афроди мухталифи ҷаҳон эҷод шудааст.

 

Барчасп