Баргузории нишасти мактаби Сулаймонӣ ва муқовимати Фаластин дар Машҳад
Нишасти ҳамандешии мактаби Сулаймонӣ ва муқовимати Фаластин ба муносибати рӯзи Ғазза тавассути Муассисаи ҷавонони Остони Қудси Разавӣ дар Машҳади Эрон баргузор шуд.
Лайло Мазбутӣ, нависандаи лубнонӣ дар ин маросим гуфт, сардори шаҳид Сулаймонӣ нақши асосӣ дар тақвияти меҳвари муқовимат дошт ба гӯнае, ки 2 соли баъд аз интисоби эшон ба фармондеҳии нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, Лубнон аз ишғоли режими саҳюнистӣ озод шуд.
Вай афзуд, муқовимат роҳи Ҳоҷӣ Қосимро идома хоҳад дод ва ҳатто агар бархе кишварҳои арабӣ равобити худро бо режими саҳюнистӣ оддӣ кунанд, боз ҳам нерӯҳои муқовимат роҳи худро дар ҷиҳод бо ишғолгарон идома хоҳанд дод.
- Кристин Гийом, коргардони фаронсавӣ низ дар нишасти ҳамандешии мактаби Сулаймонӣ ва муқовимати Фаластин гуфт: Ҳамонтавр, ки имом Хумайнӣ (раҳ) боиси бедории кишварҳои исломӣ шуд, шаҳид Сулаймонӣ низ мӯҷиби тақвияти бунёнҳои муқовимат дар кишварҳои исломӣ шуд.
- Джон Джеймс Убел, фаъоли сиёсӣ ва нависандаи амрикоӣ низ дар ин нишаст бо ишора ба моҳияти ДИИШ гуфт, агар шаҳид Сулаймонӣ дар минтақаи Ироқ ва Сурия набуд, шоҳиди як қатли ом ва эҷоди Ҳолокост дар миёни мусулмонон будем, ки тавассути ДИИШ эҷод мешуд.
Вай идома дод: Сардор Сулаймонӣ як шахсият чандваҷҳӣ буд ва дар айни ҳол ки як қаҳрамон, мутафаккир ва аҳли барномарезӣ буд, дорои шахсияти наҷиб, мутавозеъ ва шуҷоъ буд.