Таҳлил: Оғози иҷрои санади роҳбурдии Эрон ва Чин, тавофуқи бо аҳамияти чандҷониба
(last modified Tue, 18 Jan 2022 07:09:44 GMT )
Январ 18, 2022 12:09 Asia/Dushanbe
  • Санади ҳамкориҳои 25 солаи Эрон ва Чин аз ин манзар идомаи ҳамкориҳои чандҷониба бо меҳварият ва мухтасоти Осиёи аст.
    Санади ҳамкориҳои 25 солаи Эрон ва Чин аз ин манзар идомаи ҳамкориҳои чандҷониба бо меҳварият ва мухтасоти Осиёи аст.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар поёни сафари ҳафтаи гузаштаи худ ба Чин аз тавофуқи Теҳрон ва Пекин барои оғози иҷрои санади ҷомеъи ҳамкориҳои роҳбӯрдии ду кишвар хабар дод.

 Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар табийни аҳаммияти ин тавоққуф дар "Твиттер" навишт: "Оғози иҷрои мувофиқатномаи 25 сола миёни Эрон ва Чин ба унвони дуввумин иқтисоди бузурги ҷаҳон он ҳам дар шароите,ки Амрико ҳамчунон бо якҷонибагароӣ ва тадовуми фишори ҳаддиаксарӣ ба дунболи маҳрум кардани Эрон аз таомулоти иқтисодӣ бо дунёст, муваффақияти роҳбурдӣ барои Теҳрон маҳсуб мешавад." Ҳамкориҳои баландмуддат, аз дидгоҳи назарияҳои иқтисодӣ, заминасози тавсеъаи равобит дар ҳавзаҳое аст ,ки зимни кӯмак ба тақвияти муносиботи иқтисодӣ мунҷар ба эҷоди таъодул дар муносиботи сиёсӣ низ мешавад.

Ин сатҳ аз равобит дорои аҳдофи роҳбӯрди аст,ки метавонад дар канори соири ҳамкориҳо ва дар ҳавзаҳои амниятӣ монанди паймони Шанхай зомини манофеъи мутақобил ва ҳамчунин чанҷониба бошад. Санади ҳамкориҳои 25 солаи Эрон ва Чин аз ин манзар идомаи ҳамкориҳои чандҷониба бо меҳварият ва мухтасоти Осиёи аст. Чунон,ки пеш аз ин низ санади узвияти доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон  дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон бо ҳузӯри Сайид Иброҳим Раисӣ ,раис ҷумҳури Эрон ба таиди сарон расид. Ин узвияти роҳбӯрди низ таъсири муҳиме бар раванди ҳамкориҳои чандҷонибаи Эрон дар ростои сиёсатӣ ҳамсоягӣ ва Осиё меҳвар дорад ва Эрон метавонад аз ин мақеъият  дар заминаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ баҳрабардори кунад. Зимни ин ,ки Чин низ як узви калиди дар Созмони Ҳамкории Шанхай аст. Ба унвони шоҳиди дигаре ба ин дидгоҳ метавонад ба барномаи феълии Чин дар заминаи камарбанди иқтисодии роҳи абрешим ишора кард ,ки иловабар мазоёи тиҷории мутақобил,аз абъоди жеуполетик ҳам бархурдор аст. Акнун нақши Чин дар шаклгирии иттиҳодияҳои иқтисодӣ ва мантақаӣ наҳодина шуда ва қудрати нарми иқтисодии ин кишвар кобуси барои Амрико табдил шудааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб дар феврали соли 2015 дар дидор бо Си Ҷинпинг, раисиҷумҳури Чин бо ишора ба сиёсатҳои султагаронаи бархе кишварҳо бавижа Амрико ва ҳамкории ғайрисодиқонаи онҳо бо кишварҳои дигар таъкид карданд: " Ин вазъият муҷиб шудааст, ки кишварҳои мустақил ба дунболи ҳамкориҳои бештар бо якдигар бошанд ва тавоффуқи Эрон ва Чин барои равобити стратежии 25 сола дар ҳамин чорчӯб аст, ки бояд бо пайгирии ҷиддии дутараф, тавоффуқҳо ҳатман ба марҳилаи амалётӣ бирасад.

Си Ҷингпинг, раисиҷумҳури Чин ҳам дар он дидор бо ишора ба мазиятҳои фаровон "ҷуғрофиёи, инсонӣ ва энержии Эрон " гуфт: Иқтисоди Чин ва Эрон мукамили якдигар ҳастанд ва дар ин сафар дар хусуси барномарези барои ҳамкории стратежикии 25 сола ба тавоффуқ расидаем ва омодаи густариш ва таъмиқи ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангӣ, омӯзишӣ, низомӣ ва амниятӣ дар сатҳи шарикҳои роҳбӯрди ҳастем".

Бо таваҷҷуҳ ба ин шохисҳо метавон гуфт оғози иҷрои санади ҳамкориҳои баланд муддати Эрон ва Чин ду паёми мушахас дорад: Нахуст, ин ки доира равобити сиёси ва иқтисодии Эрон васеъ ва густардааст , ва Амрико қодир нест Эронро безамъи худ дар муҳосира ва тангнои қарор диҳад.

Паёми дуввуми ин тавофуқ, таъкид бар пуёи  дипломатии минтақаии Эрон дар давлати сездаҳум аст, ки албатта бо ҳифз ва манофеъ ва эҳтироми мутақобил бо кишварҳои мустақил дунбол мешавад.

 Ҳамкории  баландмуддат миёни Эрон ва Чин таъминкунандаи аҳдофи роҳбӯрди ва иртиқои сатҳи равобит миёни ду кишваре аст, ки яке аз дербозтарин равобити таърихӣ ва тамадуниро дар ҳавзаи осиёӣ - уқёнусӣ доштаанд. Ин  ҳамкориҳо метавонад нуқтаи таҳавули ҷадидӣ дар равобити дуҷониба ва дар  айни ҳол ба маънои шаклгирии қутбҳои қудратманди сиёсӣ ва иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар Осиё бошад.

 

Бештар бихонед: