Таомули Эрон ва Русия дар минтақа амниятсоз аст
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, таомули Эрон ва Русия амниятсоз аст ва аз якҷонибагароӣ дар минтақа ҷилавгирӣ хоҳад кард.
Сайид Иброҳими Раисӣ имрӯз (чаҳоршанбе) пеш аз тарки Теҳрон ва сафар ба Маскав, дар фурудгоҳи Меҳробод гуфт, ин сафар ба даъвати Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия анҷом мешавад ва дар ин сафар ҷиҳати иртиқои дипломатияи минтақаӣ талош хоҳад шуд.
Раисӣ афзуд, иртиботи Эрон бо ҳамаи ҳамсоягон, ба вижа кишвари Русия, ки муносиботи сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву тиҷорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф вуҷуд дорад, метавонад нуқтаи атфе барои ҳамаи муносиботе бошад, ки бо Русия дорем.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон кишвари мустақил, муқтадир ва соҳиби нуфуз дар минтақа аст ва Русия ҳам кишваре муҳим ва бо қудрату дорои нуфуз аст.
Раисӣ хотирнишон кард, гуфтугӯи ду кишвари муҳим ва дорои қудрат ва бонуфуз метавонад дар амнияти минтақа, равобити иқтисодӣ ва равобити тиҷории минтақа бисёр таъсиргузор бошад.
Раисӣ гуфт, Эрон ва Русия дар бисёре аз созмонҳои иқтисодиву сиёсии мавҷуд дар минтақа, монанди Созмони Ҳамкории Шанхай узв ҳастанд.
Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, Русия дар Иттиҳоди АвруОсиё нақши меҳварӣ дорад ва ҳамкории Эрон дар ин ҷиҳат метавонад дар иртиқои гомҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ муассир бошад.
Раисӣ таъкид кард, манофеи муштараке бо Русия дорем ва ин таомулу манофеи муштарак амниятсоз аст ва дар муқобили якҷонибагароӣ дар минтақа амал хоҳад кард.