Январ 19, 2022 16:21 Asia/Dushanbe
  • Пешнависи мувофиқатномаи ҷомеъи ҳамкориҳои Теҳрон ва Маскав таҳия шуда аст

Сафири Эрон дар Русия таъкид кард: Пешнависи мувофиқатномаи ҷомеъи ҳамкориҳои Теҳрон ва Маскав таҳия шуд, аммо ниёз ба замон дорад, то дар мавриди он ройзанӣ шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Козимӣ Ҷалолӣ дар бораи сафари Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Маскав гуфт: Ин мулоқот ва музокирот маҳдудияти замонӣ надорад.

  • Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия афзуд: Русия бозори васеъ ва мутанаввеъ дар ҳамсоягии Эрон аст ва метавонем аз он истифода кунем.
  • Ҷалолӣ ҳамчунин гӯфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз назари тавлиди таҷҳизоти низомӣ сухани барои гуфтан дорад ва метавонем ин ҳамкориҳоро мутақобилан идома диҳем, Сайид Иброҳими Раисӣ чаҳоршанбе дар сафари дурӯза роҳии Маскав шуд.

Барчасп