Январ 20, 2022 13:22 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси тавофуқномаи обӣ, Афғонистон бояд аз ҷараёни доимии оби рӯдхонаи Ҳирманд 26 метри мукааб дар сония ба Эрон ихтисос диҳад
    Бар асоси тавофуқномаи обӣ, Афғонистон бояд аз ҷараёни доимии оби рӯдхонаи Ҳирманд 26 метри мукааб дар сония ба Эрон ихтисос диҳад

Муовини сафорати Эрон дар Кобул аз боз шудани даричаҳои садди Камолхони Афғонистону ҷорӣ шудани об ба самти марзҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Саидҳасани Муртазавӣ, муовини сафорати Эрон дар Кобул гуфт: Бо ройзаниҳои Эрону Афғонистон дар сафари Амирхони Муттақӣ, сарпарасти вазорати умӯри хориҷаи Толибон ба Теҳрон, раҳбарони Толибон дастури бозгушоии даричаҳои садди Камолхонро содир ва об ба самти марзҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон раҳо шуд.

Ба гуфтаи ин дипломати Эрон то имрӯз (панҷшанбе) об ба марзҳои Эрон мерасад ва мардуми устони Систон ва Балӯчистон, ҷануби шарқи Эрон аз он баҳраманд хоҳанд шуд. Бар асоси муоҳидаи Ҳирманд, саҳми Эрон аз оби рӯдхонаи Ҳирманд муодили 820 миллион метри мукааб дар сол ва дар ҳудӯди 26 метри мукааб дар сония аст, ки албатта дар моҳҳо ва фаслҳои мухталиф тафовут мекунад.

Боз шудани даричаҳои садди Камолхон ба самти марзҳои Эрон, ки бо убӯр аз рӯдхонаи Ҳирманд ба дарёчаи Ҳомун дар устони Систон ва Балучистон мерезад, гушоише тоза дар равобити Эрону Афғонистон маҳсуб мешавад, ки метавонад сарфасли тозае аз ҳамкориҳои дуҷонибаро ба армағон оварад.

Садди Камолхон дар наздикии шаҳри Заранҷи вилояти Нимрӯзи Афғонистон ва дар масири рӯди Ҳирманд сохта шудааст, ки аз кӯҳҳои Ҳиндукуши ин кишвар сарчашма мегирад.

Бо вуҷуди тавофуқнома байни Эрону Афғонистон дар хусуси саҳми Эрон аз манобеи обии муштарак, аммо дар солҳои ахир масаълаи ҳаққобаи Эрон аз ҷумлаи чолишҳои равобити ду кишвар будааст.
Бовуҷуди онки дар ин тавофуқнома Афғонистон ба ҳаққобаи Эрон мутаъаҳҳид шудааст, аммо дар солҳои гузашта ин таъҳҳуд аз сӯи тарафи афғонӣ ба таври комил иҷроӣ нашуд.


Бар асоси тавофуқномаи обӣ байни Эрону Афғонистон, ин кишвар бояд аз ҷараёни доимии оби рӯдхонаи Ҳирманд 26 метри мукааб дар сония ба унвони ҳаққобаи Эрон ихтисос диҳад, аммо дар амал ин иттифоқ ҳаргиз науфтодааст.

Дар тӯли ду даҳаи гузашта ҳамзамон бо коҳиши бориши солона ва густариши хушксолӣ дар устони Систон ва Балӯчистони Эрон, мизони вурӯдии оби руди Ҳирманд ба дарёчаи Ҳомун дар ин устон муратаба коҳиш ёфт.

Бо тағйироти сиёсӣ дар Афғонистону қудратёбии муҷаддади Толибон, музокироти Эрон бо давлати Толибон барои иҷрои комили тавофуқномаи ду кишвар дар хусуси ҳаққобаи Эрон аз рӯдхонаи Ҳирманд аз сар гирифта шуд ва дар сафари ахири Амирхони Муттақӣ ба Теҳрон охирин ройзаниҳо дар ин хусус анҷом шуд, ки ниҳоятан пас аз ин сафар, давлати Толибон тасмим ба бозкардани даричаҳои садди Камолхон ба самти марзҳои Эрон гирифт.

Садди Камолхон, ки соли гузаштаи милодӣ тавассути Ашраф Ғанӣ ба баҳрабурдорӣ расид, амалан мӯҷиби коҳиши ҳаққобаи Эрон аз рӯдхонаи Ҳирманд дар Афғонистон шуд.

Бо обгирии садди Камолхон ин нигаронӣ ташдид шуд, ки дарёчаи Ҳомун дар устони Систон ва Балучистон, ки аз рӯдхонаи Ҳирманд тағзия мекунад, дучори хушкии комил шавад.
Агарчӣ бо тасмими давлати Толибон даричаҳои садди Камолхон ба самти марзҳои Эрон боз шуд, аммо ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки муҷаддадан маҳдудиятҳое аз сӯи Афғонистон барои ҳаққобаи Эрон аз Ҳирманд эъмол шавад, ки бори дигар масаълаи таъмини оби манотиқи марзӣ, ки аз тариқи ин рӯдхона анҷом мешавадро бо чолиш мувоҷеҳ кунад.
Ба хусӯс онки чунончӣ Афғонистон ба ҳаққобаи Эрон аз Ҳирманд пойбанд набошад, асароти хушксолӣ ва зистмуҳитии ношӣ аз он метавонад барои кишварҳои минтақа дардисарсоз бошад.


Бештар бихонед:

Барчасп