Январ 21, 2022 17:03 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби дидори раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия дар расонаҳои Амрико

Дидори раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия дар расонаҳои амрикоӣ бозтоб дошт.

Хабаргузории амрикоии “Асошейтед Пресс” навишт: “Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав гуфт, ки алоқаманд ба гуфтугӯ дар бораи нигарониҳои муштараки Русия ва Эрон дар мавриди вазъияти Афғонистон аст. Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ гуфт, ки Эрон моил ба густариши ҳамкорӣ бо Русия дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, дифоӣ ва амниятиву иктишофоти фазоӣ аст”.

Шабакаи хабарии Эй Би Си Нюс навишт: Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар дидори Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҳамкории ду кишвар дар заминаи масоили байналмилалӣ, аз ҷумла буҳрони Сурия қадрдонӣ кард”.

Рӯзномаи “Ню – Йорк Таймс” ҳам навишт: “Дидори раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия намоиши ваҳдати ду кишвар дар муқобили Амрико буд. Раиси ҷумҳурии Эрон дар дидор бо раиси ҷумҳурии Русия ёдоварӣ кард, ки Теҳрон дар 40 соли гузашта дар муқобили Амрико истодагӣ кардааст”.

 

Барчасп