Январ 22, 2022 13:05 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти озодсозии киштии рабуашуда дар размоиши мураккаби “Камарбанди амнияти баҳрии 2022” анҷом шуд
    Амалиёти озодсозии киштии рабуашуда дар размоиши мураккаби “Камарбанди амнияти баҳрии 2022” анҷом шуд

Амалиёти озодсозии киштии рабудашуда ва хомуш кардани сухтор дар размоиши мураккаби “Камарбанди амнияти баҳрӣ- 2022” бо мушорикати қисмҳои шиноварӣ ва парвозии Эрон, Чин ва Русия бо муваффақият анҷом шуд .

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Мустафо Тоҷиддинӣ-сухангӯи размоиши мураккаби “Камарбанди амнияти баҳрӣ- 2022гуфт : Пас аз ирсоли паёми изтирории киштиҳои мавриди рабойш қароргирифта, ибтидои минтақаи амалиётро чархболҳои неруии баҳрии артиш шиносоӣ карданд ва сипас новшикани Ҷаморон, ки сарфармондеҳии размоишро бар ӯҳда дошт, шиноварҳои размии мустақар дар минтақаро барои иҷрои амалиёти озодсозӣ эъзом кард .

Сухангӯии размоиши мураккаби “Камарбанди амнияти баҳрии 2022афзуд : Ҳамчунин неруҳои амалиёти вижаи артишу сипоҳ бо мушорикати неруҳои амалиёти вижаи Чину Русия пас аз амалиёти хомуш кардани сухтори киштӣ, бо фуруд омадан аз ҳавоу сатҳ бар рӯйи аршаи шиновари рабудашуда, дуздони дарёиро дастгир ва амалиёти озодсозии киштиро иҷро карданд .

Тоҷиддинӣ гуфт : Размоиши мураккаби камарбанди амниятии Эрон, Чин ва Русия дар ростои ҳамкориҳои бисёр ҷиддии амниятӣ ва низомӣ барои муқобила бо таҳдидоти мавҷуд ва баёнгари тавсеъаи умқи роҳбурдии дарёии Ҷумҳурии исломии Эрон аст .
Размоиши мураккаби “Камарбанди амнияти баҳрӣ- 2022 бо ҳузури қисмҳои сатҳӣ ва парвозии неруҳои дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва неруии баҳрии Чину Русия дируз ( ҷумъа ) дар минтақаи шимоли уқёнуси Ҳинд баргузор шуд .


Бештар бихонед :

 

Барчасп