Нерӯҳои ҳавоии артиш бар мабнои роҳбурди боздорандагӣ таслиҳоти худро иртиқо медиҳад
Ҷонишини фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Нерӯҳои ҳавоӣ бо кумаки мутахассисони дохилии худ ва коркунони санъати дифоъӣ дар ростои эҷоди боздорандагӣ ва роҳбурдии дифоъӣ, таслиҳоти худро иртиқо медиҳад.
Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз равобити умумии Артиш, Амир сартипи халабон Маҳдӣ Ҳодиён дар ҷамъи донишҷӯёни донишгоҳи афсарии имом Алӣ(а) гуфт: Фарҳангӣ исор аз худгузаштагӣ ва ишқ ба шадодат, дар Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар нерӯҳои мусаллаҳи кишвар, боис шуд муъодилот дар 8 сол дифоъи муқаддас ва дар ҳоли ҳозир таври дигар рақам бихурад.
- Ҷонишини фармондеҳи нерӯи ҳавоии Артирш афзуд: Имрӯз ҳуввият ва шиносномаи нерӯҳои мусаллаҳ ва миллати ғаюри Эрон, хуни мутаҳҳари шаҳидон аст ва бояд ба унвони ворисони ин мероси гаронбаҳо аз он муроқибат ва посдори кунем.
- Сартип Ҳодиён ба нақшаи нерӯи ҳавоии Артиш дар собит мондани низоми Ҷумҳурии исломӣ ишора кард ва гуфт: Нерӯҳои ҳавоии илоҳии Артиш, шақли муҳим дар собит мондани инқилоби исломӣ дошт.
- Ҷонишини фармондеҳи нерӯи ҳавоии Артиш ҳамчунин гуфт: Нерӯҳои ҳавоии Артиш аз ҳамон рӯҳои аввали ҷанг ҳузури бисёр муъассир дошт ва баъд аз ҷанги таҳмилӣ дар сахтарин шаройти кишвар аз ҷумла сел, зилзила ва корона ҳамеша канори миллат будаст.
Сартип Ҳодиён хотирнишон кард: Нерӯҳои мусаллаҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сарбозони вилоятмадори миллат дар нерӯи ҳавоии илоҳии Артиш дар аҳд ва паймоне, ки бо Худои худ барои идомаи роҳи шаҳидон бастаанд, побарҷо ҳастанд ва дар ростои сиёнат аз меҳани исломӣ ва ормонҳои волои инқилоб аз ҳеҷ кушиш ва талоши дареғ намекунанд.