Январ 23, 2022 21:09 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти футсоли Кофо: пирӯзии  пурголи Эрон муқобили Тоҷикистон

Бонувони миллипӯши футсоли Эрон дар дуввумин дидори худ дар мусобиқоти футсоли Кофо баробари Тоҷикистон бо 12 гол пирӯз шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи расмии федератсиёни футболи Эрон, дуввумин дидори тими миллии футсоли бонувони Эрон дар рақобатҳои Кофо 2022 рӯзи шанбе Эрон тавонист бо натиҷаи пурголи 12 бар сифр Тоҷикистонро шикаст диҳад.

Фотима Попӣ, Фаришта Хусравӣ, Фаришта Каримӣ, (се гол), Маҳсо Алимададӣ, Соро Ширбегӣ (се гол) ва Саҳар Попӣ (ду гол) голҳои ин бозиро ба самар расонанд, ҳамчунин як гол тавассути бозикуни Тоҷикистон вориди давозаашон шуд.

Гуфтанӣ аст севвумин дидори тими миллии футсоли бонувони Эрон дар ин мусобиқот рӯзи душанбе 4 баҳман моҳ аз соати 15 ба вақти маҳалӣ муқобили Қирғизистон баргузор мешавад.

 

Барчасп