Январ 25, 2022 17:38 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Иртиботи ҳайати музокиракунандаи Эрон бо ҳайати Амрикоӣ навишторӣ аст

Дабири шӯрои олии амниятӣ миллии Эрон гуфт: Иртиботи ҳайати музокиракунандаи Эрон бо ҳайати амрикоии ҳозир дар музокироти Вена бо мубодилаи навиштории ғайри расми анҷом шуда аст ва ниёзе ба беш аз ин низ набуда ва нахоҳад буд.

Алӣ Шамхонӣ, Дабири шӯрои олии амниятӣ миллии Эрон дар паёми Твиттерӣ навишт: То кунун иртибот бо ҳайати амрикоии ҳозир дар Вена бо мубодилаи навиштори ғайри расмӣ анҷом шуда аст ва ниёз ба беш аз ин низ набуда ва нахоҳад буд, ин равиши иртиботӣ танҳо замоне бо равишҳои дигар ҷойгузин мешавад, ки тавофуқи хуб дар дастрас бошад.

Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳои Эрон аз душанбе 27 декабри 2021 дар Вена оғоз шуда ва гуфтугуҳо ба иддаои ҳайатҳои музокиракунанда пешрафтҳое дошта аст, ростӣ озмоии лағви таҳримҳо ва додани тазминҳое, ки Эрон бар он таъкид дорад ду мавзӯъи муҳим дар раванди музокироти Вена аст.

Барчасп