Январ 26, 2022 18:48 Asia/Dushanbe
  • Ҷадидтарин натоиҷи асаргузории ваксинаҳои корона дар мақолаи донишмандони эронӣ

Ба асоси таҳқиқоти донишмандони эронӣ, ваксинаи Баракат то 98 дарсад аз маргу мир пешгирӣ мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муҳаққиқони донишгоҳи улумпизишкии Шерози Эрон дар таҳқиқоти худ чаҳор ваксинаи Синуформ, Астразнка, Кув Эрон Баракат ва Спутникро дар се бахши пешгирӣ аз инфексия, бистарӣ ва маргу мир баррасӣ карданд.

  • Юнуси Паноҳӣ муовини таҳқиқот ва фановарии Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар посух ба савол дар бораи охирин таҳқиқот аз мизони асарбахшии ваксинаҳо, бо рунамоӣ аз ҷадидтарин мақолаи донишмандони эронӣ афзуд: Бар асоси ин таҳқиқот, ки бар рӯи як миллиону ҳаштод ҳазор нафар анҷом шуда аст, ваксинаи Ков Эрон Баракат дар бахши пешгирӣ аз уфунати вобаста аз корона 87 дарсад дар бахши пешгирӣ аз бистарии 86 дарсад ва дар бахши пешгирӣ аз марги вобаста ба корона 97 дарсад эминӣ ва короӣ нишон дода аст.
  • Муовини таҳқиқот ва фановарии Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Ваксинаи Спутник низ дар пешгирӣ аз маргу мир то 100 дарсад короӣ нишон додааст.

Паноҳӣ афзуд: Ба ҳар ҳол ваксинасиюн монеъ аз  мубтало ба корона намешавад, аммо таҳқиқот нишон дода аст, шиддати беморӣ бо ваксинасиюн коҳиш меёбад.

 

Бештар бихонед:

5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид-19-и Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт

Муваффақияти воксани эронии "Pasto co ad" дар марҳалаи пешболинӣ

 

Барчасп