Январ 27, 2022 15:33 Asia/Dushanbe
  • Бозхонии номаи Раҳбари муаззами инқилоб ба ҷавонони ғарбӣ дар Стокголм

Вебинари бозхонии номаи Раҳбари муаззми инқилоби исломӣ ба ҷавонони ғарбӣ бо ҳузури ширкаткунандагон аз Шветсария, Ҳоланд ва Италия дар Стокголм баргузор шуд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар соли 2015 ду нома ба ҷавонони ғарбӣ навиштанд, ки дар муҳтавои ин номаҳо шинохти бевосита ва мустақими Ислом матраҳ шудааст.

Ба муносибати фаро расидани солрӯзи судури номаи Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ хитоб ба ҷавонони ғарбӣ, 2 вебинари тахассусӣ тавасути ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Стокголм  барномарезӣ ва аввалин вебинар таҳти унвони бозхонии номаи Раҳбари муаззамин инқилоб ба ҷавонони ғарбиро бо ҳузури ширкаткунандагоне аз Шветсария, Ҳоланд ва Италия ва мушорикати донишгоҳиён, донишҷӯён ва фаъолони фарҳангии кишварҳои мухталиф баргузор шуд.

Ҳудо Аҳмадӣ, муҳаққиқ ва донишҷӯи мутолеоти динӣ аз Шветсария дар суханоне, ба фалсафаи судури нома ва заруриятҳои замонии он пардохт ва бо таҳлили шароит ва мавқеияти фарҳангӣ Ғарб онро бо номаи имом Хумайнӣ (р) хитоб ба Горбачёв муқоиса кард ва зарфиятҳо ва таъсироти билқува ва заруриятҳои нозир ба нашри густардаи онро мавриди баҳс қарор дод.

Як фаъоли фарҳангӣ-мазҳабӣ ва дабири маркази исломии Тавҳиди Италия низ дар ин вебинар, шаклгирии гуруҳҳои террористии ДИИШ-ро ба унвони ҷилвае аз Исломи инҳирофӣ, тавтеа барои тахриби чеҳраи Ислом ва мусалмонон муарифӣ ва ин нома ва паёми онро роҳбурде барои муқобила ва хунсосозии ин тавтеа қаламдод кард.

Дар поёни ин нишаст Сайидзиё Ҳошимӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Стокголм  ба таҳлили се меҳвари муҳим дар хуссуси ин нома, шомили муҳтавои нома, адабиёт ва мантиқи тадвин ва интихоби мухотабони он, яъне ҷавонони ҷомеаи Ғарб ва билохира тақозои замонӣ ва мавзуи судури ин нома пардохт.

 

Барчасп