Иқдоми гурӯҳаки террористии мунофиқин барои харобкорӣ дар Садо ва Симо
Гурӯҳаки террористии мунофиқин иқдом ба харобкорӣ дар пахши барномаҳои Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, гурӯҳаки террористии мунофиқин имрӯз (панҷшанбе) иқдом ба харобкорӣ дар пахши барномаҳои Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон карданд, ба гунае ки Шабакаи яки телевизион ва чанд шабакаи радиоӣ дучори ихтилол шуданд.
Шабакаи як барои чанд сония тасовираш аз дастрас хориҷ шуд ва тасовири саркардаи гурӯҳаки террористии мунофиқин рӯи антенна рафт.
Хабаргузории Садо ва Симо бо таъйиди ин ихлолгарӣ навишт: Тасвири Шабакаи яки симо барои лаҳазоте имрӯз ҳак шуд.
Бар асоси ин гузориш дар миёни пахши ононси барномаҳо ба муддати даҳ сония тасовире аз сарони мунофиқин ва савти яке аз суханрониҳои онҳо рӯйи антеннаи шабакаи як дида ва шунида шуд. Масъулони фаннии созмони Садо ва Симо мегӯянд, эҳтимолан сервер мавриди ҳамлаи ҳаккерӣ қарор гирифтааст .
Бар асоси ин гузориш, иттифоқоти ҳаммонанде дар шабакаи Қуръон, радиоҳои Паём ва Ҷавон ҳам рӯй додааст .
Гурӯҳаки террористии мунофиқин дар даҳаи 1360 беш аз 17 ҳазор нафар аз эрониён, аз ҷумла раисиҷумҳур, нахуствазир ва раиси қувваи қазоияро ба шаҳодат расонданд.