Фароянди сабти ҷаҳонии воксани “Ков Эрон Баракат”
(last modified Fri, 28 Jan 2022 12:53:14 GMT )
Январ 28, 2022 17:53 Asia/Dushanbe
  • Фароянди сабти ҷаҳонии воксани “Ков Эрон Баракат”

Воксани “Ков Эрон Баракат” аввалин воксани эронӣ дар минтақаи Ғарби Осиё аст, ки дар фароянди сабти ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Баъд аз ироа ва таъйиди мустанадоти илмии воксани Баракат, фароянди сабти ҷаҳонии ин воксан бо баргузории аввалин ҷаласаи расмӣ ба сурати видеоконфронс бо коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт баргузор шуд.

Ҳасани Ҷалилӣ, мудири корхонаи доруии Шифо Формад гуфт, беш аз 10 нафар аз мутахасассин дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ ин мадорик гирдоварӣ карданд ва ироаи ин мустанадот барои сабти ҷаҳонии воксан дар як фароянди чандмоҳа анҷом шуд.

Дар ҷаласаи муқаддамотии сабти воксани Баракат дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, коршиносони гуруҳи доруии Баракат бо ироаи мадорики илмӣ ва мутолеоти анҷомгирифта дар бахшҳои мухталиф, посухгӯи суолоти коршиносони ин созмон буданд.

Сабти ҷаҳонии воксани як фароянди печида аст ва воксани Ков Эрон Баракат аввалин воксани эронӣ дар минтақаи Ғарби Осиё аст, ки дар фароянди сабти ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Ҳомид Ҳусайнӣ, узви ҳайати илмии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон пушти сар гузоштани ин фароянди печидаро марбут ба ҳамаи воксанҳо дар дунё донист ва таъкид кард, барои сабти воксан дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мароҳиле таъриф шудааст, ки ҳамаи воксанҳо бояд ин масирро тай кунанд.

Эрон шашумин кишвари дунё дар тавлиди воксани корона аст.