Таваққуфи як ҳафтаии музокироти Вена
(last modified Sat, 29 Jan 2022 06:32:54 GMT )
Январ 29, 2022 11:32 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи як ҳафтаии музокироти Вена

Дар пайи тафоҳуми ҳайатҳои музокиракунандаи Эрону гурӯҳи 1+ 4 дар Вена, даври ҳаштуми гуфтугӯҳо ба муддати ҳудуди як ҳафта танаффус хоҳад дошт.

Бар асоси тафоҳуми суратгирифта байни ҳайатҳои музокиракунандаи Эрону гурӯҳи 1+4 (Олмон, Фаронса, Англия, Русия ва Чин) ва ҳамоҳангкунандаи Иттиҳодияи Аврупо дар Вена, даври ҳаштуми гуфтугӯҳо ба муддати ҳудуди як ҳафта танаффус хоҳад дошт.

Бар ин асос, ҳайатҳои музокиракунанда имрӯз барои ройзанӣ ва машварат, ба пойтахтҳо бармегарданд.

Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо ки аз душанбеи 27 декабри 2021 оғоз шуд ва ба изъони ҳайатҳои музокиракунанда пешрафт ҳоӣ доштааст .

Ростиозмоии лағви таҳримҳо ва ироаи тазминҳое, ки Эрон бар он таъкид дорад, ду мавзуи муҳим дар раванди музокироти Вена аст.

Бештар бихонед: