Доллар аз мубодилоти Эрону Русия ҳазф мешавад
Раиси Гурӯҳи дӯстии порлумонии Эрону Русия аз ҳазфи доллар дар мубодилоти тиҷории ду кишвар хабар дод.
Ба гузориши сойти Иқтисод онлайн, Иброҳими Ризоӣ, раиси Гурӯҳи дӯстии порлумонии Эрону Русия дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон бо ишора ба дастовардҳои сафари Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Русия гуфт,дар ин сафари тавофуқҳои хубе дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла дар ҳавзаи энержӣ барои тавсеаи маёдини нафту гази Эрон, дар ҳавзаи пулӣ ва бонкӣ барои шикасти султа ва ҳазфи доллар дар мубодилоти тиҷорӣ ва ҳамчунин дар иртибот бо ҳамлу нақл анҷом шуд.
Ризоӣ бо баёни инки раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия муътақиданд, вазъияти феълӣ мубодилоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар ризоятбахш нест ва бояд иртиқо ёбад афзуд, дар ҳоли ҳозир, ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрону Русияи ҳудӯди 4 миллиарддоллар аст, ки бояд дар гоми аввал ҳаҷми мубодилоти ду кишвар ба 10 миллиарддоллар иртиқо пайдо кунад.
Вай ҳамчунин тасреҳ кард, тавофуқҳои хуби байни Эрону Русияро метавон дар ростои хунсосозии таҳримҳо талаққӣ кард.
Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар садри ҳайатии олирутба 19 январ ба Маскав сафар кард.