Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ дори фониро видоъ гуфт
(last modified Tue, 01 Feb 2022 04:46:43 GMT )
Феврал 01, 2022 09:46 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ дори фониро видоъ гуфт

Оятуллоҳ Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ аз мароҷеъи тақлид дар Қум, дорифониро видоъ гуфт.

Ба гузориши ИРНА, рӯҳи ин марҷаъи тақлиди пас аз даврае беморӣ, шомгоҳи душанбе дар пайи исти қалбӣ ба малакӯти аъло пайваст.

Ин фақиҳи аҳли байт, аз шогирдони барҷастаи оёти изоми Бурӯҷердӣ, Ҳуҷҷат, Хонсорӣ ва Гулпойгонӣ буд ва муддате низ дар Наҷафи ашраф аз оёти Муҳаммадкозими Шерозӣ ва Маҳммадалии Козимӣ баҳра бурда буд.

Оятуллоҳ Софӣ, солиёни тулонӣ дар ҳавзаи илмияи Қум ба тадрис ва таҳқиқу таълифи осори гӯногӯни фиқҳӣ, каломӣ ва ҳадисӣ пардохтааст.

Узвият дар Маҷлиси хубрагони қонуни асосӣ ва узвият дар Шӯрои нигаҳбон ва дабирии он бо ҳукми имом Хумайнӣ (раҳ), аз ҷумлаи фаъолиятҳои сиёсии ҳазрати оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ будааст.

Аз ин марҷаъи тақлид беш аз 80 унвон китоб барҷо монда, ки бархе аз онҳо ҷоизаи китоби соли вилоят ва китоби соли маҳдавиятро ба даст овардаанд, “Мунтахабуласар”, “Авқотулсалавот”, “Баёнулусул ва “Салоси расоили фиқҳия”, аз ҷумлаи осори Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ аст.