Феврал 01, 2022 13:47 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи вуруди имом Хумайнӣ (раҳ.); Танини садои киштиҳо дар бандарҳои Эрон

Ҳазмон бо солрӯзи вуруди таърихии имом Хумайнӣ (раҳ.) ба Эрон, буқ(сигнал)-и киштиҳо дар бандари шаҳид Раҷоӣ, бузургтарин бандари тиҷории Эрон дар устони Ҳурмузгон ба садо даромад.

Бо шурӯи “Даҳаи фаҷр”-и пирӯзии Инқилоби исломӣ ба муносибати солрӯзи вуруди имом Хумайнӣ (раҳ.) ба Эрон дар саросари кишвар, барномаҳои вижаи ҷашн баргузор мешавад ва яке аз ин барномаҳо ба садо даромадани киштиҳо дар паҳнаи Халиҷи Форс аст.

Илова бар танинандоз шудани садои киштиҳо дар бандари роҳбурдии шаҳид Раҷоӣ,садои киштиҳо дар бандаргоҳи ҷазираи Эронии Абу Мусо ҳам ҳамзамон бо солрӯзи вуруди имом Хумайнӣ( раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии исломӣ ба Эрон ба садо даромад.

Ҷазоири сегонаи Абу Мусо, Тунби кучак ва Тунби бузург дар Халиҷи Форс ҷузъи ҷудо нашавандаи хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва аз манотиқи роҳбурдӣ маҳсуб мешавад.

12-уми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (аввали феврали 1979) имом Хумайнӣ (раҳ.) пас аз 15 соли табъид дар миёни истиқболи пуршӯри мардум вориди Эрони исломӣ шуданд ва саранҷом 22 баҳман, Инқилоби исломӣ ба пирӯзӣ расид ва ин айём ба унвони “Даҳаи фаҷр”-и пирӯзии Инқилоби исломӣ, номгузорӣ шудааст.

Бештар бихонед:

Барчасп