Навохта шудани занги инқилоб дар мадориси саросари Эрони исломӣ
«Занги инқилоб» ҳамзамон бо оғози Даҳаи мубораки фаҷр ва 43-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон имрӯз (сешанбе) дар мадориси саросари кишвар ба садо даромад.
Ин маросим ҳамзамон бо солрӯзи вуруди таърихии имом Хумайнӣ (раҳ.) ба Эрон ва дар нахустин рӯз аз Даҳаи мубораки фаҷр баргузор шуд.
Имрӯз ҳамчунин маросимҳои дигаре ба муносибати оғози Даҳаи фаҷр дар Эрони исломӣ баргузор шуд, ки аз ҷумлаи он метавон ба гулборони масири ҳаракати имом Хумайнӣ (раҳ.) аз фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ба сӯи биҳишти Заҳро (с), режаи моторсаворони нерӯҳои мусаллаҳ ва маросими вижа дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ.) ишора кард.
Имрӯз (сешанбе) 12 баҳмани 1400 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 31 январи 2022 милодӣ, оғози Даҳаи мубораки фаҷри Инқилоби исломии Эрон аст.
43 соли пеш дар чунин рӯзе, 12 баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ ( кум феврали 1979) ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз 15 соли дурӣ ва табъид аз ватан, дар миёни истиқболи пуршӯри мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.
Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вуруди эшон ба Эрон, дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 , (11 феврали соли 1979) инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.
Ба ҳамин далел, аз рӯзи 12 баҳман, яъне рӯзи вуруди имом Хумайнӣ (раҳ.) ба Эрон то 22 баҳман, ки рӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ аст, "Даҳаи фаҷр" номгузорӣ шудааст.
Бештар бихонед:
- "Даҳаи Фаҷр"-и Инқилоби Исломии Эрон муборак бод
- Солрӯзи вуруди имом Хумайнӣ (раҳ.); Танини садои киштиҳо дар бандарҳои Эрон