Вокуниши Эрон ба иддаоҳои зидди эронии 11 кишвари арабӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i8071-Вокуниши_Эрон_ба_иддаоҳои_зидди_эронии_11_кишвари_арабӣ
Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмон Милали Муттаҳид, дар номае ба дабири кулли ин созмон навишт, 11 кишвари арабӣ, ки худ парваришдиҳанда ва содиркунандаи ифротгароӣ ва тафаккури такфирӣ ба Ироқ ва Сурия ҳастанд, инак Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам мекунанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 17, 2016 14:33 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба иддаоҳои зидди эронии 11 кишвари арабӣ

Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмон Милали Муттаҳид, дар номае ба дабири кулли ин созмон навишт, 11 кишвари арабӣ, ки худ парваришдиҳанда ва содиркунандаи ифротгароӣ ва тафаккури такфирӣ ба Ироқ ва Сурия ҳастанд, инак Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ғуломалӣ Хушрӯ рӯзи чаҳоршанбе дар посух ба иттиҳомзании 11 кишвари арабӣ ба Эрон, дар номае ба Пан Ги Мун навишт, танзи талхи моҷаро ин аст, ки имзокунандагони ин нома, ки Эронро ба мудохила дар умури дохилии кишварҳо муттаҳам мекунанд, дар ниҳояти дуруӣ, худ дар ҳоли бомбаборон кардани мардуми бегуноҳи Яман ҳастанд.

Дар ин нома ҳамчунин омадааст, иттиҳомоти бепоя ва асоси ин кишварҳо ба Эрон дар мавриди ҳимояти Эрон аз терроризм низ тақлиди кудакона аз иттиҳомоти мушобеҳӣ аст, ки бархе қудратҳо ба далели ҳимояти Эрон аз ормон ва мардуми Фаластин, зидди Ҷумҳури исломӣ матраҳ мекунанд.

Хушрӯ дар ин нома меафзояд, иттиҳомоти имзокунандагони ин нома, дар мавриди дахолати Эрон дар умури дохилии Яман низ бе асос ва бепоя аст, чаро, ки худи ин кишварҳо ба ростӣ медонанд, ки бо таҳмили як муҳосираи комил бар Яман, ин кишварро дар остонаи нобудӣ қарор додаанд ва ҳамзамон Эронро муттаҳам ба ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ аз Яман мекунанд.

Вай ҳамчунин таъкид кардааст, иттиҳоми мудохилаи Эрон дар умури дохилии Баҳрайн ҳеч поя ва асосе надорад ва дар гузориши камиссиюни мустақили баҳрайнӣ, маъруф ба гузориши басиунӣ, ҳар гуна мудохилаи Эрон дар ҳаводиси Баҳрайн ба сароҳат рад шудааст.

Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ҳимоят мусташории Эрон аз неруҳои низомӣ дар Сурия бар асоси дархости давлати машрӯи ин кишвар ва дар чорчӯби ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳаққи дифои машрӯъ ва “банди 51” Маншури СММ сурат мегирад.

Хушрӯ дар номаи худ афзудааст: «Агар ҳимояти Эрон ва дигар кишварҳо аз давлати Сурия набуд, гурӯҳҳои ҷинояткор ва такфирӣ, ки давлатҳои имзокунандаи ҳамин нома аз онҳо ҳимоят мекунад, токунун бар Сурия ғолиб шуда буданд ва парчами сиёҳ худро бар саросари ин кишвар ва дигар нуқоти Ховари Миёна барафрошта буданд.»