Феврал 05, 2022 12:43 Asia/Dushanbe
  • Рушди 90 дарсадии содироти маҳсулоти маъдании Эрон

Ширкатҳои бузурги бахши маъдану саноати маъдании Эрон, дар бахши содирот рушди 90 дарсадӣ доштанд.

Оморҳо нишон медиҳад, ширкатҳои бузурги бахши маъдану саноати маъдании Эрон, аз ибтидои имсол (1400) то поёни озармоҳи 9 миллиарду 489 миллиондоллар анвоъи маҳсӯлот содир карданд, ки дар ҳамсанҷӣ бо соли гузашта (1399) рушди 90 дарсадӣ нишон медиҳад.

Ин мизон содирот, муштамил бар 42 миллиону 214 ҳазор тон анвоъи маҳсул буд.

Занҷираи фулод ва маҳсӯлоти фулодии муртабит бо панҷ миллиарду 280 миллиону 630 ҳазор доллар содирот, бештарин саҳм аз содироти муртабит бо бахши маъдан ва саноати маъданиро ба худ ихтисос дод.

Бештарин рушди содирот дар ин муддат марбӯт ба занҷираи алумини ва маҳсӯлот бо сабти 216 дарсади рушд ва содироти 541 миллиону 570 ҳазор долларӣ буд.

 

 

Барчасп