Муаррифии китоби «Эрон аз ибтидо то имом Хумайнӣ» дар шабакаи пурбинадаи русӣ
Шабакаи пурбинандаи канали яки Русия дар барномаи муаррифӣ ва нақди бартарин китобҳо, китоби «Эрон аз ибтидо то имом Хумайнӣ», асаре аз Бунёди Ибни Синоро муаррифӣ кард.
Ба гузориши ИРНА, Игор Серов, муҷрии маъруфи ин шабака ва ҳамчунин мунтақиди адабӣ ва устоди донишгоҳ ба мухотабин пешниҳод дод ҳатман китоби «Эрон аз ибтидо то имом Хумайнӣ »-ро мутолиа кунанд.
Вай ҳамчунин ба пайдо шудани қадимитарин фарши ҷаҳон, дар Русия, ки як фарши эронӣ бо номи Позирик аст, ишора кард ва дар идома перомуни азамати забони порсӣ ва таъсираш бар забони англисӣ низ матолиби мухтасару муфид баён дошт.
Китоби Эрон аз ибтидо то имом Хумайнӣ (раҳ.) ба қалами алексей Громов ва бо муқаддамаи Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия, тавассути муассисаи Бунёди Ибни Сино мунташир шудааст.
Ин китоб ба таърихи Эрон аз замони эҷоди ниҳодҳои давлатӣ ва системаи якпорча ва беназири пустӣ ва бонкӣ тавассути ҳахоманишиён ва интиқоли дастовардҳои онҳо ба Авруосиё пардохта ва дар идома таърих, пас аз ислом ва таърихи муосирро табйин карда ва дар ниҳоят ба Инқилоби исломии Эрон дар соли 1357 ба раҳбарии имом Хумайнӣ (раҳ) ва илалу авомили он ва солҳои нахустин инқилоб хатм шудааст.
Ин китоб дорои тасовири бисёр зиёде аст, ки барои нахустин бор дар Русия мунташир мешавад.
Дар ин китоб, фасли ҷудогона ба ҷанги таҳмилӣ ва ҳашт сол дифои муқаддас дар баробари таҷовузоти режими Баъси Ироқ ихтисос дода шудааст. Ҷилди баъдии ин асар бо «номи Эрон дар қарни бистум» ба таври ҷомеъ ба таърихи муосири Эрон ва бавижа инқилоби исломӣ, дифои муқаддас то оғози даврони раҳбарии оятуллоҳ Хоманаӣ мепардозад.