Феврал 08, 2022 14:53 Asia/Dushanbe

Додситони кулли Эрон бар зарурати таъмини амнияти сармоягузорони ду кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Мунтазирӣ дар дидор бо Юсуф Раҳмон ҳамтои тоҷикистонии худ гуфт, баҳси амнияти сармоягузорон дар кишварҳо муҳим аст.

Вай бо баёни инки агар амнияти сармоягузорон дар кишварҳо таъмин нашавад, таъсири хубе хоҳад дошт, бар зарурати ҳамкории бештари ду кишвар дар заминаи таъмини амнияти сармоягузорон таъкид кард.

Мунтазирӣ гуфт, мумкин аст дар сармоягузорӣ, мушкилоти ҳуқуқӣ пеш ояд, ки бояд дар ин хусӯс ҳимоятҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ аз сӯи ду кишвар сӯрат гирад. Вай афзуд, бархе сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон ба мушкил хӯрдаанд, ки интизор дорем мушкили онҳо ҳалу ва фасл шавад.

Мунтазирӣ ба иштирокоти кишварҳои исломӣ ишора кард ва гуфт, кишварҳои исломӣ як душмани муштарак ба номи Амрико доранд, ки бо ҳамаи қудрат ва тавон талош дар эҷоди ихтилоф миёни уммати исломӣ дорад.

Вай бо баёни инки Амрико як нукари даст ба сина ба номи режими ҷаълии Исроил дар минтақа дорад, ки талоши зиёде барои эҷоди ихтилоф миёни уммати исломӣ мекунад, гуфт, ваҳдату якпорчагӣ миёни уммати исломӣ зарурист.

Мунтазирӣ ташкили ДИИШ-ро бо ҳадафи эҷоди ихтилоф миёни уммати исломӣ донист ва гуфт, шоҳиди ҷиноёти ДИИШ дар Ироқ, Сурия ва Лубнон будем. Додситони кулли кишвар афзуд, бо ҳамоҳангии Эрон, Ироқу Сурия ва талош беназир ва муҷоҳидонаи сардори шаҳид Сулаймонӣ дар муқобила бо ДИИШ, онҳо ноком монданд ва шикаст хӯрданд.

Додситони кулли Эрон гуфт, аммо ин тавтеа ҳамчунон идома дорад ва ҳимоятҳои молии ДИИШ-ро бархе кишварҳо мисли Арабистон анҷом медиҳанд.

Вай ҳамчунин бар ҳамкории ду кишвар барои мубориза бо маводи мухаддир, ҷароими созмонёфта ва ҷароими сойберӣ таъкид кард. Додситони Тоҷикистон ҳам дар ин дидор бар густариши муносиботи ду кишвари дӯст таъкид кард ва гуфт, ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ва қазоии ду кишвар метавонад дар ҳали мушкилоти эҳтимолӣ муассир бошад.