Идомаи сиёсатҳои шикастхурдаи Трамп, монеъи аслии пешрафти музокироти Вена
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Идомаи сиёсатҳои шикастхурдаи давлати қаблии Амрико, монеъи аслӣ дар пешрафти қобили қабули музокирот аст.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба тамоси телефони Фумио Кисида, нахуствазири Ҷопон бо истиқбол аз ибрози алоқа ва тамоюли ин кишвар барои таҳким ва тақвияти ҳар чи бештари сатҳи равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба гуфт: Эрон ва Ҷопон ду кишвари дорои тамаддун ва таърихи шукуҳманд ва сулҳталаб ҳастанд, ки тақвияти равобити онҳо ба нафъи ҳамаи милатҳо аст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард: Бо шинохте, ки аз зарфиятҳои ду кишвар вуҷуд дорад, метавон гомҳои баланд дар масири тақвияти равобити Теҳрон-Токио бардошт.
Раисӣ часпандагии давлати Амрико ба сиёсатҳои шикастхурдаи давлати собиқи ин кишварро монеъи аслӣ дар пешрафти қобили қабули музокирот донист ва афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон фориғ аз тавофуқи ҳастаӣ омодагӣ дорад сатҳи равобит ва ҳамкориҳои худро бо дигар кишварҳо аз ҷумла Ҷопон дар ростои манофеъи мутақобил афзоиш диҳад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бар лузуми сулҳу суботи пойдор дар ҷаҳон таъкид кард ва изҳор дошт: Теҳрон ва Токио бо тақвияти ҳамкориҳои муштарак метавонанд дар эҷод ва густариши сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон нақши таъсиргузор дошта бошанд.
- Раисӣ дахолати бегонагонро омили аслии ноамнӣ дар минтақа донист ва бо таъкид бар ҳаллу фасли буҳрони Яман аз тариқи гуфтугӯҳои яманӣ-яманӣ таъкид кард: Имрӯз зарурият дорад бо шикаста шудани муҳосираи золимонаи Яман аз ҷиноятҳои ваҳшатноки нерӯҳои эътилоф дар қатлиом ва куштори мардуми бедифоъи ин кишвар пешгирӣ шавад.
- Фумио Кисида, нахуствазири Ҷопон низ дар тамоси телефонии худ бо табрики солгарди пирӯзии инқилоби исолмӣ изҳор дошт: Дар даврони Вазорати хориҷа ва раёсати гуруҳи дустии Эрон ва Ҷопон чандин бор ба Теҳрон сафар кардам ва имрӯз дар мақоми нахуствазирӣ бо шинохте, ки аз зарфиятҳои ду кишвар дорам, ба дунболи тавсиъаи сатҳи равобит ва фаъол кардани зарфиятҳои ҳамкории муштарак ҳастем.