Ифтитоҳи 8 бандари гардишгарии дарёӣ дар Хуррамшаҳр
(last modified Thu, 10 Feb 2022 10:05:24 GMT )
Феврал 10, 2022 15:05 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи 8 бандари гардишгарии дарёӣ дар Хуррамшаҳр

Дар айёми мубораки Даҳаи Фаҷр ҳашт пости бандарии филизӣ ҷиҳати насб дар чаҳор нуқтаи рӯди Корун, дар устони Хузистон, ҷануби ғарбии Эрон ба ҳиммату такия бар дониши мутахассисони дохилӣ, тарроҳӣ, сохт, ҳамлу насб ва ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Эрон Пресс", сохт, ҳамлу насби 8 бандари филизӣ ҷиҳати насб дар 4 нуқтаи рӯди Корун ба супориши Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Хуррамшаҳр дар ростои тавсеа ва равнақи зерсохтҳои гардишгарии дарёии шаҳри ҳамосасози Хуррамшаҳр бо такя бар тавон ва дониши мутахассисони ин маҷмуа дар чиҳилусеввумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ба баҳрабардорӣ расид.

Маҳдӣ Зореъ, корофарини бартари кишвар ва мудири гуруҳи санъатии "Мекини дарёи Қишм" гуфт: Ин маҷмуаҳо бо нигоҳи иқтисоди дарёмеҳвар ва густариши гардишгарии дарёӣ ва бо дар даст доштани 5800 метр соҳилҳо дар Эрон сомон пайдо кард.

Зореъ афзуд: Ин пуружаҳо тамоман бо тавони мутахассисони дохилӣ анҷом шуд.

Ба гуфтаи ин корофарин аз ғарбитарин навори соҳилии Халиҷи Форс то шарқитарин нуқтаи дарёии Уммон, ин бандарҳо насб шуд.

Нуруллоҳ Асъадӣ, мудири кулли бандар ва дарёнавардии Хуррамшаҳр низ гуфт: Идораи кулли бандар ва дарёнавардии Хуррамшаҳр омодаги комил дорад, ки барои тавсеаи зерсохтҳои гардишгарии дарёии минтақа тамоми тавон ва зарфиятҳои худро ба кор гирад.

Маросими бошукуҳи ифтитоҳияи бандарҳои гардишгарӣ, бо ҳузури мақомоти устондории Хузистон ва ҳамчунин шаҳри Хуррамшаҳр баргузор шуд.

 

Бештар бихонед: