Феврал 11, 2022 14:52 Asia/Dushanbe
  • Танини гулбонги “Аллоҳу Акбар” дар саросари Эрони исломӣ

Гулбонги “Аллоҳу Акбар” дар шаби чиҳилусеюмин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ба таври ҳамзамон дар саросари Эрони исломӣ танинандоз шуд.

Дар шаби чиҳилусеюмин солгарди пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон, соати 21 (панҷшанбе) ба вақти маҳаллӣ, миллионҳо нафар аз мардуми Эрони исломӣ навои “Аллоҳу Акбар” -ро аз боми хонаҳо ва бо ҳузур дар масҷидҳову хиёбонҳо сар доданд.

Ҳамчунин осмони шаҳрҳои мухталифи Эрон ҳамзамон бо бонги “Аллоҳу Акбар” –и мардум нурборон шуд.

Инқилоби исломии Эрон соли 1979 мелодӣ (22 баҳмани 1357 хуршедӣ) ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) ба пирӯзӣ расид.

Ҷумъа, 22 баҳмани 1400 хуршедӣ, баробар бо 11 феврали 2022 мелодӣ, чиҳилусеюмин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) аст.