Феврал 12, 2022 10:15 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи валодати Имом Ҷавод (а)

Имрӯз шанбе даҳуми раҷаби 1443-и ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 12 феврали 2022, солрӯзи валодати босаодати имом Муҳаммади Тақӣ (а), аз наберагони Паёмбари мукаррами Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) аст.

Имом Муҳаммади Тақӣ (а) рӯзи даҳуми раҷаби соли 195 –и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина ба дунё омаданд ва пас аз шаҳодати падари бузургвораш имом Ризо (а) ӯҳдадори масъулияти раҳбарии мусулмонон шуданд.

Лақаби мубораки имом Муҳаммади Тақӣ (а) “Ҷаводулаимма” аст.

Имом Ризо (а) дар бораи манзалати фарзандашон имом Ҷавод (а) фармуданд: “Ман дорои писаре шудаам, ки ҳамчун Мӯсо (а) шикофандаи дарёҳои илм аст”.

Имом Ҷавод (а) дар синни ҳаштсолагӣ ба имомат расиданд ва даврони имомати он ҳазрат 17 сол будааст, яъне эшон даврони имоматашонро аз кӯдакӣ то ҷавонӣ гузарондаанд.

Дар даврони имомати имом Ҷавод (а) фирқаҳои мухталифи исломӣ ва ғайриисломӣ рушд карда буданд ва улуму фунуни соири миллатҳо мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирифта буд. Аз ин рӯ, эшон вориди баҳсҳои илмӣ ва эътиқодӣ шуданд ва дар мунозира бо пайравони адёни мухталиф, ки мухолифи Ислом буданд, ҳаққонияти дини мубини Исломро собит мекарданд.

Мардуми Эрон дар солрӯзи валодати босаодати имом Муҳаммади Тақӣ (а), бо ҳузур дар маконҳои мазҳабӣ ва маънавӣ, ба вижа ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а), падари бузургавори имом Ҷавод (а) ҷашн‎ҳоеро баргузор ме‎кунанд.

Радиои тоҷикии "Садои Хуросон" фаро расидани солрӯзи валодати имом Муҳаммади Тақӣ (а) -ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.

 

Барчасп