Ноябр 18, 2016 18:32 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти яке аз расонандагони номаи Имом Хумайнӣ (раҳ) ба Горбачёв

Марзияи Ҳадидчӣ (маъруф ба Тоҳираи Даббоғ), аз муборизони инқилоби исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар сини 77 -солагӣ дар Теҳрон даргузашт ва имрӯз, ҷумъа ба хок супурда шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз ИРНА, хонум Ҳадидчӣ аз зиндониёни сиёсӣ ва аз фаъолони муборизи мусаллаҳона бо ҳукумати паҳлавӣ қабл аз инқилоби исломӣ буд ва пас аз инқилоб низ яке аз бунёнгузорони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба шумор мерафт.

Вай ҳамчунин се давра намояндаи мардуми Теҳрону Ҳамадон дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ буд.

Хонум Ҳадидчӣ ба ҳамроҳи Муҳаммадҷаводи Лориҷонӣ ва оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, се намояндае буданд, ки аз ҷониби Имом Хумайнӣ (раҳ) маъмурият ёфтанд то паёми эшонро ба Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ бирасонанд.

Имом Хумайнӣ дар паёми худ ба Горбачёв заволи қарибулвуқӯи ҳукумати коммунистии Шӯравиро пешбинӣ карда буданд.