Феврал 12, 2022 14:49 Asia/Dushanbe
  • Филм; Муаррифии баргузидагони 40-умин Ҷашнвораи филми “Фаҷр”

Чиҳилумин Ҷашнвораи филми “Фаҷр”-и Эрон бо муаррифии баргузидагон дар бахшҳои мухталиф ба кори худ поён дод.

Маросими поёнии чиҳилумин Ҷашнвораи филми “Фаҷр” ҷумъашаб дар маркази ҳамоишҳои Бурҷи мелоди Теҳрон баргузор шуд.

Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар ойини ихтитомияи чиҳилумин ҷашнвораи филми “Фаҷр” бо баёни инки дар барномаҳои раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иртиқои фарҳангу ҳунар ҷойгоҳи вижае дорад гуфт: "Имрӯз дар оғози гоми дувуми Инқилоби исломӣ дар ҷиҳоди табйини ҳунару фарҳанги эронӣ бояд пештоз бошем ва бо синамо метавонем бисёре аз дастовардҳо ва муваффақиятҳоро ба ҷаҳонён нишон диҳем."

Пас аз изҳороти вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, баргузидагони ҷашнвора муаррифӣ шуданд.

Бар асоси раъйи ҳайати доварони чиҳилумин ҷашнвораи филми “Фаҷр”;  “Симурғи булурин” беҳтарин нақши мукаммили зан ба Садаф Аспаҳбудӣ барои бозӣ дар филми "Алафзор" эҳдо шуд.

Танози Таботабоӣ ҳам ба далели ифои нақш дар филми «Берӯъё»-и ин филм беҳтарини бозигари нақши аввали занро аз они худ кард.

Беҳтарин бозигари нақши аввали мард низ ба Амини Ҳаёӣ барои филми синамоии "Барфи охир" эҳдо шуд.

Ризо Миркаримӣ ҳам барои филми синимоии "Нигаҳбони шаб" “Симурғи булурин”-и беҳтарин коргардониро аз они худ кард.

“Симурғи булурин”-и беҳтарин филми чиҳилумин Ҷашнвораи филми “Фаҷр” ҳам ба филми синамоии "Мавқеъияти Маҳдӣ" ба коргардонии Ҳодии Ҳиҷозӣ Фар эҳдо шуд.