Феврал 14, 2022 11:14 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши чашмгири содироти Эрон ба кишварҳои минтақа ва Осиё

Раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон аз раванди умедворкунандаи содироти Эрон ба кишварҳои минтақа ва Осиё хабар дод.

Алиризо Паймонпок бо ташреҳи барномаҳои давлати сенздаҳум дар заминаи тавсеаи тиҷорати кишвар аз рушди бесобиқаи содироти Эрон ба кишварҳое ҳамчун Русия, Туркия, Ироқ ва кишварҳои ҷануби шарқи Осиё дар моҳҳои ахир хабар дод.

Раиси Созмони тавсеаи тиҷорат ҳамчунин гуфт, содироти Эрон ба бисёре аз кишварҳо нисбат ба соли гузашта беш аз ду баробар шудааст.

Паймонпок ҳамчунин аз ифтитоҳи бузургтарин варзишгоҳи Ироқ, ки эрониҳо сохтаанд, дар ҳафтаи оянда хабар дод.

Раиси Созмони тавсеаи тиҷорат аз барномарезӣ барои тавсеаи равобити тиҷорӣ бо Сурия хабар дод ва гуфт: Қарор аст аз Сурия ба бозори кишварҳои шимоли Африқо дастрасӣ пайдо кунем.

Паймонпок дар бораи равобити тиҷории Эрон бо Туркия ҳам гуфт, содироти Эрон ба Туркия беш аз 2 баробар шудааст, ки нишондиҳандаи муваффақияти тиҷории Эрон аст.

Раиси Созмони тавсеаи тиҷорат беҳтарин фурсати тиҷории таҳотур (бартер) барои иқтисоди Эронро кишварҳои африқоӣ донист, ки бозорҳои муносибе барои колоҳои эронӣ ҳастанд ва маводи аввалияи мавриди ниёзи корхонаҷоти эрониро ҳам метавонанд таъмин кунанд.

 

 

Барчасп