Арабистон ҳанӯз бо ҳеҷ кишваре дар бораи баргузории маросими ҳаҷ музокира накардааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i81358-Арабистон_ҳанӯз_бо_ҳеҷ_кишваре_дар_бораи_баргузории_маросими_ҳаҷ_музокира_накардааст
Намояндаи валии фақеҳ дар Ҳаҷҷу зиёрати Эрон гуфт, Арабистон бо ҳеҷ кишваре дар бораи ҳаҷ музокира накарда ва баид аст зоирони Эрон ба умраи имсол мушарраф шаванд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Феврал 16, 2022 15:01 Asia/Dushanbe
  • Арабистон ҳанӯз бо ҳеҷ кишваре дар бораи баргузории маросими ҳаҷ музокира накардааст

Намояндаи валии фақеҳ дар Ҳаҷҷу зиёрати Эрон гуфт, Арабистон бо ҳеҷ кишваре дар бораи ҳаҷ музокира накарда ва баид аст зоирони Эрон ба умраи имсол мушарраф шаванд.

Ҳуҷҷатулислом Абдулфаттоҳи Наввоб афзуд, барои ҳаҷ бояд ибтидо замони музокира таъйин шавад, ки ҳанӯз иқдоме аз тарафи Арабистон нашудааст.

Ҳуҷҷатулислом Наввоб дар бораи ин ки оё кишварҳои дигар, ки равобити дипломатӣ бо Арабистон доранд, барои ҳузур дар ҳаҷ то кунун музокироте доштаанд, гуфт: Ҳеҷ кишваре дар бораи ҳаҷ музокироте надоштааст.

Намояндаи валии фақеҳ дар Ҳаҷҷу зиёрат ва сарпарасти ҳуҷҷоҷи Эрон дар бораи эҳтимоли ҳузури Эрон дар умра, ки ҳаминак дар Арабистон бо ҳузури ҷамъе аз зоирони хориҷӣ дар ҳоли баргузорӣ аст, низ гуфт: Ниёз аст масъулон дар бораи умра тасмим бигиранд.

Арабистон аз замони густариши вируси корона қавонини сахтгиронаеро барои ҳузури зоирон дар маросими умра ва ҳаҷ иҷро кардааст. Дар Эрон ҳудуди як миллиону 200 ҳазор нафар дар навбати сафар ба ҳаҷ ҳастанд.