Феврал 16, 2022 19:52 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти муъоҳидаи оби миёни Афғонистон ва Эрон

Мақомоти Аморати Исломии Толибон эълом карданд, ба муъоҳидаи обӣ миёни Афғонистон ва Эрон пойбанд ҳастанд.

Масулони Вазорати энергетика ва оби Толибон мегуянд, ба муъоҳидаи оби Ҳилманд бо Эрон, дар соли 1351 ҳиҷрии шамсӣ имзо шуд, пойбанд ҳастанд.

Ба гуфтаи онҳо ин Вазоратхона дар бораи иҷроӣ кардани ин муъоҳида бо Теҳрон омодаи музокирот аст.

Дар итилоъияи ин Вазоратхона ҳамчунин омада аст: Аморати исломии Афғонистон дар пайванд ба мудирияти оби ҳавзаи дарёӣ Ҳилманд ба тамоми маводи ҳуқуқӣ ва замоими муъоҳидае, ки дар бораи оби рудхонаи Ҳилманд дар соли 1351 ҳиҷри шамсӣ миёни давлатҳои Афғонистон ва Эрон имзо шуда аст, ба сурати комил мувофиқат дорад.

  • Билол Каримӣ, муовини сухангуи Аморати Исломӣ ҳам гуфт: Аморати Исломӣ мутаъаҳид ба муъоҳидаи 1351 аст ва маводе, ки дар он дарҷ шуд онро амалӣ мекунад ва ба он пойбанд аст.

Кобул ва Теҳрон барои тақсими оби дарёи Ҳилманд дар замони Мусо Шафиқ, нахуствазири вақти Афғонистон дар соли 1351 хуршедӣ, муъоҳидаро имзо карданд, ки бар асоси он бояд солона 817 метри мукааб оби рудхонаи Ҳилманд ба Эрон дода шавад, аммо пеш аз ин ҳукуматҳои пешин гуфта буданд, ки солона чандин баробар бештар аз тавофуқ, об ба Эрон ворид мешавад.

Ториқи Фарҳодӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ гуфт: Афғонистон бояд ба ҳамсоягони худ равобити эҳсонмандона дошта бошад чун дигар додугирифтҳо ҳам мо дорем.

  • Ҳамидуллоҳи Илонӣ, раиси пешини идораи обрасонии Афғонистон низ изҳор кард, бо дар назар дошти баъзе ихтилофоте, ки ошкор шуда аст дар ин авохир, ба назари ман агар як бознигарии умумӣ дар сатҳи куллӣ сурат бигирад холӣ аз манифъат нахоҳад буд ва ин муъоҳидаро маҳкамтар ва дарозмуддтар хоҳад сохт.

 

Барчасп