Феврал 20, 2022 20:18 Asia/Dushanbe
  • Боздид аз шаҳраки саноатии Исфаҳон

20 феврали соли 2022 Маъруфҷон Абдураҳмонов, муовини иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон аз шаҳраки саноатии Исфаҳон боздид ба амал овард овард.

Зимни боздид дидору гуфтугӯи намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон бо Амирҳусайни Кумейлӣ, раиси Созмони санъат, маъдан ва тиҷорати Исфаҳон бо ҳузури роҳбарони теъдоде аз корхонаҳои саноатии устони мазкур баргузор шуд. 

Дар мулоқот дар бораи Барномаи тавсеаи саноат дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ин кишвар маълумот дода шуд. 

Дар идомаи дидор ҷониби эронӣ барои оғози ҳамкорӣ дар заминаи саноат, маъдан ва тиҷорат изҳори омодагӣ кард.