Иродаи Эрон густариши равобити ҳамаҷониба бо кишварҳои Осиёи Миёна аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Теҳрон аз тавсеаи рӯзафзӯни сатҳи равобит бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол мекунад.
Саидиброҳими Раисӣ дар дидор Сардор Умурзоқов, муовини нахуствазир ва вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон зарфиятҳои густардаи ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, ҳамлу нақл, энержӣ ва гардишгариро мавриди ишора қарор дод ва гуфт: Имрӯз иродаи сиёсии раисони ду кишвар бар тавсеа ва таъмиқи ҳамаҷонибаи равобит устувор аст ва мусаммам ҳастем бо фаъол кардани ҳамаи зарфиятҳо, гомҳои баланде дар масири шукӯфоӣ ва тавсеаи ду кишвар бардорем.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард: Зарфиятҳо ва имконоти муштараки ду кишвар метавонад дар масири таъмини манофеи ду миллат ва миллатҳои минтақа қарор гирад.
Раисӣ ҳамчунин бо ишора ба иштирокоти таърихӣ ва фарҳангии решадори Эрону Узбекистон бар аҳаммияти тақвияти равобиту таъомулоти фарҳангии ду миллат таъкид кард ва онро заминаи муносибе барои тавсеаи ҳамкориҳои Теҳрон - Тошканд дар соири ҳавзаҳо донист.
Сардор Умурзоқов низ дар ин дидор бо ишора ба инки Тошканд билофосила баъд аз мулоқоти раисони ҷумҳури ду кишвар дар Туркманистон, нақшаи роҳи тавсеаи равобити ду ҷонибаро тадвин кардааст, гуфт: Бо таъкиди раисиҷумҳури Узбекистон ҳайати олирутба аз мақомоти иқтисодӣ ва фаъолони бахши хусӯсӣ дар ин сафар ҳамроҳ ман ҳастанд то роҳҳои иҷроӣ кардани нақшаи роҳи тавсеаи ҳамаҷонибаи равобитро баррасӣ ва ниҳоӣ кунем.
Вай бо ишора ба инки ҳаҷми мубодилоти ду кишвар нисбат ба соли гузашта 2,5 баробар афзоиш доштааст, гуфт: Тошканд дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва транзит ва муносиботи фарҳангӣ бо азми росих ба дунболи таъмиқи ҳарчӣ бештари равобит бо Теҳрон аст.