Феврал 27, 2022 09:32 Asia/Dushanbe
  • Таслияти шаҳодати ҳазрати Имом Мӯсои Козим ( ъ )

Якшанбе 25 раҷаби 1443 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 27 феврали 2022, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имоми Мӯсои Козим ( ъ ) аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Имоми Мӯсои Козим ( ъ ) дар мактаби бузурги илмии падарашон, ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ ( ъ ), ки донишмандони бисёре дар он ҳузур доштанд, ширкат мекарданд ва бо баҳрамандӣ аз фазойили падар дар сифот ва вижагиҳои олии ахлоқӣ ҳамчун порсоӣ, истиқомат, шуҷоат ва адолатхоҳӣ улгӯ ва намунаи барҷаста шуданд .
Имоми Мӯсои Козим ( ъ ) ҳудуди 35 сол имомати мусулмононро бар уҳда доштанд ва муддати зиёдӣ аз ин солҳоро дар ҳабс ва табъид гузаронаданд .
Ин шароит нишон медиҳад, ки дар даврони ишон сахтгирии ҳокимони аббосӣ ба Аҳли байти исмату таҳорат ( ъ ) афзоиш ёфта буд . Ончи Имоми Мӯсои Козим ( ъ )-ро зидди шароити мавҷуд бармеангехт, низоми фосиди сиёсӣ ва иҷтимоии ҳоким бар мусулмонон буд ва дар чунин мавқеъияте имом бар огоҳиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии мардум меафзуданд ва равиши ҳокимони банӣ Аббосро хилофи арзишҳои ислом медонистанд .
Ҳорунар-рашид аз хулафои аббосии ҳокими вақт, ки намехост мардум аз дарёи бекарони илму фазилати ҳазрати Мӯсои Козим ( ъ ) баҳра бибаранд, таи дасисае эшонро дар зиндон заҳролуд кард ва он ҳазрат дар синни 55 солагӣ дар соли 183 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.
Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон солрӯзи шаҳодати Имом Мӯсои Козим ( ъ )-ро ба ҳамаи мусулмонону азодорони он ҳазрат таслият мегуяд.