Феврал 27, 2022 10:20 Asia/Dushanbe
  • Андак эрониёни боқимонда дар Киев дар манотиқи амн искон ёфтаанд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт : Теъдоди каме аз эрониён дар Киев боқӣ мондаанд, ки дар манотиқи амн искон дода шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Хатибзода дар бораи вазъияти эрониёни ҳозир дар Украина афзуд : То ба ин лаҳза мушкиле гузориш нашудааст, зимни инки ба далели шароити амниятии Украина ( ҳукумати низомӣ ) имкони хориҷ кардани ҳамаи эрониён вуҷуд надорад.

 

  • Хатибзода тасреҳ кард : Шароит дар Украина ба шакли фавқулодае пеш меравад ва дар марҳилаи аввал талош шудааст донишҷӯёну эрониёни муқим аз шаҳрҳои пурхатар дур шаванд.
  • Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон марҳилаи дувумро интиқоли эрониён ба марзҳои ғарбии Украина унвон кард ва афзуд : Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон талош кард аз тариқи роҳи оҳан ва масирҳои дигар донишҷӯёну эрониёни муқимро хориҷ кунад ва мошинҳову имконоти истифода ҳам дар ихтиёри донишҷӯёну эрониёни муқим қарор гирифт .
  • Хатибзода тасреҳ кард : Бо ҳамоҳангии сафорати Эрон дар Киев беш аз 200 донишҷӯи эронӣ бо қатор ба марзҳои ғарбӣ фиристода шуданд.

 

Барчасп