Март 01, 2022 13:29 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Украина қурбонии сиёсатҳои Амрико аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Амрико як режими мафияӣ аст, Украина ҳам қурбонии сиёсатҳои Амрико аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби имрӯз сешанбе дар солрӯзи Иди Мабъас дар суханони телевизионӣ афзуданд: Режими Амрико намунаи комили ҷоҳилияти модерн аст; ин режим, режиме буҳронзо ва буҳронзист аст ва аз тариқи эҷоди буҳрон дар дунё иртизоқ мекунад.

Эшон фармуданд: Амрико бо вуруд ба масоили Украина ва роҳандохтани иҷтимооту эҷоди кудатои рангӣ суботи ин кишварро баҳам зад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Ҷумҳурии Исломии Эрон хостори таваққуфи ҷанг дар Украина аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ фармуданд: Ҳамаи чизҳо дар дунёи имрӯз барои фарбеҳ шудани компаниҳо ва кортолҳост, ҳамчунин аз илм барои куштори одамҳо истифода мешавад; якҷо бо истифода аз ин илм, воксан месозанд, ки ҷони инсонҳоро наҷот медиҳад ва як ҷои дигар барои сохти силоҳ аз он истифода мекунанд, ки даҳҳо баробари он касоне, ки наҷот ёфтаандро аз байн мебарад.

Ин хабар такмил мешавад . . .

 

Барчасп