Март 01, 2022 13:58 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Ҷумҳурии Исломии Эрон то абад мунтазири Амрико намемонад

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон барои тавофуқ омодааст, аммо то абад мунтазир намемонад.

Саиди Хатибзода, сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон бомдоди сешанбе дар посух ба изҳороти сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, ки таҳдид карда буд дар сӯрати сахтгирии Теҳрон, Вашингтон омодаи канор кашидан аз музокирот аст, навишт: Амрико солҳост, ки аз БарҶом "канор кашида" аст, аз ин рӯ, бояд итминон ҳосил шавад, ки ин иттифоқ дигар такрор намешавад.

Вай бо баёни инки дуруштгуӣ натиҷа надошта ва нахоҳад дошт ва ин иттихоз тасмим аст, ки натиҷа медиҳад, тасреҳ кард: ҳамаи кишварҳо барои худ "гузинаҳои ҷойгузин" доранд; ҳарчанд, ки беасос будани гузинаи ҷойгузини Амрико пеш аз ин собит шудааст.

Хатибзода афзуд, агар Кохи Сафед тасмимашро бигирад, тавофуқ комилан дар дастрас буда ва Эрон барои тавофуқ омодааст, аммо то абад мунтазир намемонад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп