Аз даст додани тавони дифоъи ба умеди ҳимояти бегонагон хисоратбор аст
(last modified Thu, 03 Mar 2022 08:18:07 GMT )
Март 03, 2022 13:18 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Мӯсавӣ таъкид кард: Ҷилол ва иқтидор, амонат ва қарз гирифтани нест ва бо иттико ба дигарон ҳосил намешавад.
    Сарлашкар Мӯсавӣ таъкид кард: Ҷилол ва иқтидор, амонат ва қарз гирифтани нест ва бо иттико ба дигарон ҳосил намешавад.

Фармондеҳи кулли артиши ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Аз даст додани тавони дифоъи ба умеди ҳимояти бегонагон хисоратбор аст.

Ба гузориши Садои Хуросон сарлашкар Саид  Абдураҳим Мӯсавӣ дар маросими сиву якумин давраи дониш омухтагии мудирияти дифоъи ва ҳафтумин давраи амалиёти муштарак ва мураккаби донишгоҳи фармондеҳи ва ситоди артиш, ки чаҳоршанбе дар донишгоҳи  ҷангии артиш баргузор шуд гуфт: Ҳаводиси имрӯзи ҷаҳон нишон дод, ки аз даст додани тавони дифоъи ба умеди ҳимоят аз бегонагон чӣ авоқиби  хисоратборе барои кишвар дар пай дошт.

Амир Сарлашкар Мӯсавӣ афзӯд: Ҳаводиси имрӯзи ҷаҳон ба рушантарин шакли мумкин нишон медиҳад, ки иззат, иқтидор, истиқлол ва амниятӣ як кишвар ва як миллат на бо такия  бар бегонагон балки дар сояи иттико ба мардуми худ таҳақуқ меёбад.

Фармондеҳи кулли артиш тасреҳ кард: Талошҳои  бефоидаи душманон ва мунофиқин барои тазъифи артиш ва сипоҳ аҳдофи шум ва хоинонаеро дунбол  мекунанд ва бо истифода аз панҷараҳои наҳси шабакаҳои моҳвораӣ  фазоӣ ва маҷозӣ дар хадшадор кардани қудрати дифоъи ва миллати Эрон, аҳдофи шайтонии низоми султа ба саркардагии низомӣ мофиёии Амрикоро дунбол мекунанд то ба истиқлол ва иқтидори ин кишвари сарбаланд латма бизананд.

Сарлашкар Мӯсавӣ таъкид кард: Ҷилол ва иқтидор, амонат ва қарз гирифтани нест ва бо иттико ба дигарон ҳосил намешавад.

 

Бештар бихонед: