Март 04, 2022 17:29 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҷузъи 5 кишвари аввали дунё дар ҳавзаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ аст

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон бо доро будани 800 маркази таҳқиқотии ҳуҷайраҳои бунёдӣ, як ҳазор бемористон ва 150 ҳазор тахти бемористонӣ, ҷузъи 5 кишвари аввали дунё дар ин ҳавза аст.

Баҳроми Айнуллоҳӣ дар маросими ифтитоҳи бемористони тахассусӣ ва фавқи тахассусии Шуҳадои саломати шаҳристони Малорд, ҷануби ғарби Теҳрон афзуд, 250 ҳазор донишҷӯ дар 63 донишгоҳи улуми пизишкии кишвар машғули таҳсил ҳастанд.

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар заминаи муқобила ва дармони беморони коронаӣ низ гуфт, бемории корона нишон дод, ки қудратҳои аслии дунё бо вуҷуди он ҳама иддаои пешрафт натавонистанд дар заминаи коҳиши талафоти худ коре анҷом диҳанд.

Бемористони тахассусӣ ва фавқи тахассусии бемористони Шуҳадои саломати шаҳристони Малорд бо зарфияти 160 тахти бемористонӣ имрӯз бо ҳузури вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ва шуморе аз масъулони устони Теҳрон ба баҳрабардорӣ расид.

 

Барчасп