Рӯнамоӣ аз пойгоҳҳои ҷадиди мушакӣ ва паҳподии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ
(last modified Sat, 05 Mar 2022 11:13:10 GMT )
Март 05, 2022 16:13 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз пойгоҳҳои ҷадиди мушакӣ ва паҳподии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ

Дар остонаи фаро расидани рӯзи посдор, ду пойгоҳи мушакӣ ва паҳподии нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо ҳузури фармондеҳи кулли ин нерӯ, рӯнамоӣ ва вориди чархаи амалиётӣ шуд.

Фардо якшанбе шашуми марти 2022 баробар бо сеюми шаъбони 1443 ҳиҷрии қамарӣ, рӯзи вилодати имом Ҳусайн (а), набераи гиромии Паёмабари Акрам(с) ва рӯзи посдор аст.

Ду пойгоҳи мушакӣ ва паҳподии нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, ки дар дили кӯҳҳои муртафаъ сохта шуда, маҳали нигаҳдории сомонаҳои мушакии замин ба замин бо таҷҳизоти пешрафта ва низ паҳподҳои таҳоҷумии нуфӯзпазир дар шабакаҳои радарӣ ва падофандии душман буда, ки бо ҳидояти нерӯҳои инқилобии ҷавон ва бо ангеза, ба дежи мустаҳками Эрони исломӣ дар муқобили душманону бадхоҳони Эрони исломӣ табдил шудааст.

Аввалинбор аст, ки нерӯи ҳаво-фазои сипоҳи посдорон аз як пойгоҳи зеризаминии паҳподӣ, рӯнамоӣ мекунад.

Вуҷӯди паҳподҳое бо бурди 2 ҳазор километр, саккӯҳои партоби мӯшакҳои ду фарвандӣ, саккӯҳои партоби чандфарвандии паҳпод бо диққат ва кайфияти таркиби ин сомонаҳо, ки ахиран дар размоиши Паёмбари Аъзам (с)- 17 ба намоиш гузошта шуд, нишон аз таъсиргузории шигифти ин пойгоҳҳо дар дифо ва сиёнат аз амнияти Эрони исломӣ ва миллати Эрон муқобил ҳар таҳдиде дорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар боздиди генерал  Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ аз пойгоҳҳои зеризаминии мушакӣ ва паҳподӣ, сардори сартип Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳаво-фазои сипоҳ гузорише аз раванди иқдомот ва дастовардҳои ҷадиди ин нерӯ ироа кард.

Бештар бихонед: