Март 07, 2022 22:07 Asia/Dushanbe
  • Эрон бар асоси рафтори Амрико тасмим мегирад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси рафтор ва на бар асоси паёмҳои ғайришаффофи Амрико дар гуфтугӯҳои Вена тасмим мегирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саъиди Хатибзода дар нишасти хабарии ҳафтагӣ дар бораи мавзеъи Эрон дар мавриди музокироти мустақим бо Амрико гуфт: Руйкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон то ба имрӯз собит буда аст ва Теҳрон бар асоси рафтори Амрико тасмим мегирад на бар асоси паёмҳои ғайришафоф ё ин ки бидуни ин ки бидонад дар натиҷа чи иттифоқ хоҳад уфтод.

  • Сухангӯи дастгоҳи диполоматии Эрон таъкид кард: То имрӯз ҳеҷ тағире дар рафтори Амрико мушоҳида нашуда ва фишори ҳаддиаксарӣ бар мардуми Эрон идома дошта аст.
  • Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо ишора ба сафари ахири Рафоэл Гроссӣ, мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба Теҳрон ва тавофуқҳои анҷом шудаи байни ҳарду тараф афзуд: Ин сафар дар чорчуби масоили фаннӣ анҷом шуд, ки муқаддимаи музокироти Вена буд.
  • Хатибзода гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон посухи суолҳои Ожонси байналмиллаии энержии атомиро дода аст, аммо лозим буд дар чорчуби фаннӣ ва муддатзамоне дубора ба ин суолҳо посух дода шавад.
  • Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Робитаи мустақими байни баста шудани суолҳои фаннии Ожонс ва тавофуқе, ки дар Вена анҷом мешавад, вуҷуд дорад.
  • Ин дипломати аршади эронӣ дар бораи изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия мабнӣ бар ин ки таҳримҳои ғарб зидди Русия набояд бар равобити Маскав ва Теҳрон таъсир бигузорад, гуфт: Изҳороти Лавров дар расонаҳо мунташир шуд ва Теҳрон интизор аст то аз тариқи дипломотӣ ҷузиёти онро бишнавад.
  • Хатибзода бо баёни ин ки Русия руйкарди созандае барои расидан ба тавофуқи ҷамъӣ дар Вена дошта аст, таъкид кард: Ҳамкориҳои сулҳомези ҳастаии Эрон набояд маҳдуд ва таҳти таъсири ҳеҷ таҳриме, аз ҷумла ҳамкориҳои сулҳомези Эрон бо Русия ва Чин қарор бигирад.
  • Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар бораи мавзеъи Чин дар музокироти Вена афзуд: Чин созандатарин мавозеъро аз рӯзи аввал то ба имрӯз дошта аст.
  • Хатибзода дар бораи иқдомоти режими саҳюнистӣ дар хусуси музокироти Вена низ гуфт: Сиёсати режими саҳюнистӣ ишғолгарӣ Исроил, ҳаросафканӣ ва вайронкорӣ ва дасткорӣ дар ҳар гуна роҳи ҳалҳои дипломатӣ барои масоили байналмиллалӣ буд ва мухотаби аслии иқдомоти режими саҳюнистӣ, пойтахтҳои аврупоӣ ва 4+1 аст.
  • Сухангӯи дастгоҳи дипломотии Эрон дар бораи изҳороти ахири Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саъудӣ ва руйкарди мусбати Арабистон нисбат ба Эрон гуфт: Арабистон кишвари муҳим дар ҷаҳони Ислом ва минтақаӣ аст ва парвандаҳои ихтилофӣ набояд сабаби қатъи ҳамкориҳои ду кишвар шавад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар бораи мавзеъи Теҳрон дар хусуси низомигарии НАТО низ гуфт: Нигарониҳои ҷиддӣ дар Русия нисбат ба иқдомоти таҳрикомези Амрико ва НАТО вуҷуд дорад, зимни ин ки ҷанг роҳи ҳал нест ва мардум бояд аз мунозеъоти давлатҳо барканор бимонанд.

 

Барчасп