Коҳиши истифода аз доллар дар мубодилоти тиҷории Индонезия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122086-Коҳиши_истифода_аз_доллар_дар_мубодилоти_тиҷории_Индонезия
Индонезия аз афзоиши 112 дарсадии истифода аз арз(асъор)-ҳои маҳаллӣ ба ҷои доллари Амрико дар мубодилоти фаромарзӣ хабар дод.
(last modified 2025-09-24T07:38:25+00:00 )
Сентябр 24, 2025 11:59 Asia/Dushanbe

Индонезия аз афзоиши 112 дарсадии истифода аз арз(асъор)-ҳои маҳаллӣ ба ҷои доллари Амрико дар мубодилоти фаромарзӣ хабар дод.

Ба гузориши Сервиси байналмилалии хабаргузории Садо ва симо аз Куала-Лумпур, Бонки марказии Индонезия бо ишора ба густариши истифода аз арзҳои маҳаллӣ ба ҷои доллари Амрико дар мубодилоти фаромарзӣ бо 9 кишвари дигари узви Иттиҳодияи ASEAN эълом кард, арзиши мубодилоти тиҷории бидуни доллар дар 6 моҳаи нахусти соли ҷории милодӣ, муодили 1401 миллиард доллар аст, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл 112 дарсад афзоиш нишон медиҳад.