Эрон мудохила дар бораи ҷазираҳои сегонаро маҳкум кард
(last modified Thu, 10 Mar 2022 17:18:55 GMT )
Март 10, 2022 22:18 Asia/Dushanbe
  • Эрон мудохила дар бораи ҷазираҳои сегонаро маҳкум кард
    Эрон мудохила дар бораи ҷазираҳои сегонаро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни радди итиҳомоти беасос дар баёнияи кумитаи худхондаи чаҳорҷонибаи Аморот, Арабистони Саъуди, Баҳрайн ва Миср, мудохилаи дигарон дар бораи ҷазираҳои сегонаи эронӣ Тунби бузург, Тунби кучак ва Абумусоро маҳкум кард.

Кумитаи чаҳоргонаи арабӣ дирӯз дар ҷаласае, ки дар ҳошияи нишасти яксадупанҷовуҳафтумин давраи Шӯрои иттиҳодияи араб дар мақари ин иттиҳодия баргузор шуд дар идомаи иттиҳомпароканӣ зидди Эрон дар баёнияе иддаоҳои ҳамешагии Аморот дар бораи ҷазираҳои сегонаи эронии Тунби бузург, Тунби кучак ва Абумусо такрор кард ва бо ишора ба сафари ахири сардор Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба ҷазираи Тунби бузург ва ифтитоҳи фурудгоҳи Имом Алӣ(а) дар ин ҷазира изҳороти мақомоти эронӣ дар ин хусусро таҳрикомез ва нақзи ҳокимияти Аморот хонд.

  • Дар ҳамин росто Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ирмӯз бо радди иттиҳомоти норавои нишасти 157 вазирони хориҷаи Иттиҳодияи араб ва баёнияи кумитаи худхоҳи чаҳорҷониба дар ҳошияи ин нишаст аз идомаи даври ботили иттиҳомзанӣ зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва тағир накардани шеваи рафторӣ, шадидан ибрози таъассуф кард ва ин гуна иқдомоти бесамарро муғоири таҳарукоти ин кишварҳо барои таъомул ва дипломотии минтақавӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чанд моҳи гузашта унвон кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ироди иттиҳомоти такрорӣ ва беасоси дахолати Эрон дар умури дохилии дигарон аз сӯи кишварҳои мудохилагаре, ки собиқаи тулонӣ аз танишофаринӣ ва ҷангафрузӣ ба вижа дар Яман ва манотиқи дигари ғарби Осиё ва шимоли Африқо дорандро мардуд хонд.

Хатибзода судури ин навъ баёнияҳои такрориро  монеъе дар ростои равобити Эрон бо ҳамсоягон хонд ва бори дигар бар мавзеъи ҳамешагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар даъват аз ҳамсоягон барои гуфтугӯ ва ҳалли суитафоҳумот аз тариқи масирҳои дипломатиро мавриди таъид қарор дод.

Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон ҳамчунин дар бораи ҷазираҳои сегонаи эронӣ бо мардуд шуморидани паёнияи мазкур ҳамаи иқдомоти Ҷумҳурии Исломии Эронро дар чорчуби ҳокимият ва тамомияти сарзаминии кишвар хонд ва мудохилаи дигарон дар ин заминаро маҳкум кард.

Хатибзода ҳамчунин дар вокуниш ба баёнияи кумитаи худхондаи ҳифз ва тасбити дастовардҳои ҳастай ва тавонмандиҳои дифоъии Ҷумҳурии Исломии Эронро аз ҷумлаи сиёсатҳои роҳбурдии Эрон хонд ва бар беасар будани ин баёнияҳо дар масири тавсеаи саноъати сулҳомези ҳастаӣ  таъкид кард.

Вазирони хориҷаи Аморот, Арабистони Саъудӣ, Баҳрайн ва Миср дар ин баёния Эронро ба ҳимоят аз он ҷи гурруҳҳои террористи хонда шуд, мутаҳам карданд ва бо баёни ин ки Эрон ба тавсеаи барномаи мушакҳои болостики худ идома медиҳад маддаъи шуданд, ки Эрон Ҳавсиҳои Яманро бо мушакҳои худ муҷаҳаз мекунад.

Дар бахши дигари аз ин баёния зимни тарҳи ин иддаъо,ки Эрон ба дунболи таслиҳоти ҳастаӣ аст, бар лузуми ҳимоят аз талошҳое, ки монеъи ин амр мешавад аз ҷумла музокироти Вена таъкид шуда аст.

Ин кишварҳо ҳамчунин хостори тақвияти назоратҳои Ожонси байнламиллаии энержии атомӣ аз таъсисоти ҳастаии Эрон ва иқдоми ҷиддӣ дар ҷиҳати дастёбӣ ба як тавофуқи дарозмудаттар ва қавитар шуданд.