Март 12, 2022 10:46 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Ҷанг дар ҳеҷ ҷои ҷаҳон роҳи ҳал нест

Вазири умури хориҷаи Эрон мавзеи Теҳронро мубтании хотимаи буҳрони Украина аз масири роҳи ҳалли сиёсӣ донисту афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷангро на дар Украина, на дар Яману Афғонистон ва на дар ҳеҷ ҷои ҷаҳон роҳи ҳал намедонад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ва Збигнев Рау, вазири умури хориҷаи Полша рӯзи ҷумъа дар як гуфтугӯи телефонӣ дар хусӯси вазъияти равобити дуҷониба, таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ, аз ҷумла буҳрони Украина ва музокироти Вена гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугӯ аз талошҳои давлати Полша барои кумак ба оворагону паноҳҷуёни ҷанги Украина бавижа барои интиқоли атбои эронӣ, қадрдонӣ кард.

Вай бо ишора ба ирсоли як ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардӯстона бо ҳамкории Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурхи ҷаҳонӣ эъломи омодагӣ барои ирсоли кумакҳои инсондӯстона ба оворагони Украина изҳор дошт, тимҳои имдодии Эрон бо ҳамоҳангии Салиби Сурхи ҷаҳонӣ омодаи ҳар гӯна ҳамкорӣ ва ироаи кумакҳои башардӯстона ба паноҳҷӯён дар Полша аст.

Вазири хориҷаи Полша низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ зимни ишора ба собиқаи таърихии равобити ду кишвар бавижа мизбонии инсондӯстонаи мардуми Эрон аз муҳоҷирони полшавӣ тайи ҷанги ҷаҳонии дувум, ин равобитро барои ҳар ду тараф ифтихоромез зикр кард ва изҳор дошт, токунӯн 1400 эронӣ аз марзи Украина вориди Полша шудаанд ва талоши мақомоти мо дар ҷиҳати кумак ба онҳо пас аз иттифоқоти ногувор дар Украина ва тарки Полша ҳамроҳ бо хотираи хуб будааст.

Збигнев Рау мавзӯи долони инсонӣ барои хурӯҷи занону кӯдакону ироаи кумакҳои ғизоӣ ва доруӣ ба оворагон аз Украинаро як зарурати асосӣ донист ва таъкид кард, бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Салиби Сурхи ҷаҳонӣ талош мекунанд як долони инсонӣ бо риояти масоили назоратӣ эҷод ва мустақар намоянд ва токунӯн Полша пазирои яку ним миллион паноҳҷӯ аз Украина будааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп