Март 12, 2022 19:00 Asia/Dushanbe
  • Медали биринҷии варзишкорони эронӣ дар мусобиқоти бокси қаҳрамонии Осиё
    Медали биринҷии варзишкорони эронӣ дар мусобиқоти бокси қаҳрамонии Осиё

Варзишкорони эронӣ дар рақобатҳои бокси қаҳрамонии навҷавонон ва ҷавонони Осиё ба ду медали биринҷӣ даст ёфтанд.

Рақобатҳои бокси қаҳрамонии навҷавонон ва ҷавонони Осиё аз рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Аммон, пойтахти Урдун оғоз шуда аст ва ба муддати 13 рӯз идома хоҳад дошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Нимо Бегӣ ва Абулфазли Доно варзишкорони эронӣ дар рақобатҳои бокси қаҳрамонии навҷавонон ва ҷавонони Осиё дар шаҳри Аммон ба медали биринҷӣ даст ёфтанд.

Шаби гузашта низ Алирзо Мусавӣ дигар варзикори эронӣ бо бартарӣ муқобили намояндаи Урдун ба финоли вазни 66 килограми навҷавонон суъуд кард.

Ҳидояти тими миллии навҷавонон ва ҷавонони Эрон бар уҳдаи Ризо Маҳдавипур аст.

 

Барчасп